Дар Варзоб 11 ҳолати истифодабарии ғайриқонунии неруи барқ ошкор гардид

Декабрь 29, 2020 11:40

ВАРЗОБ, 29.12.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар натиҷаи рейдҳои гузаронидаи гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб  аз 16 декабр  то имрӯз, 29 декабр  11 ҳолати  ғайриқонунӣ истифодабарии неруи барқ ошкор гардида, нисбат ба содиркунандагони он  санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳаҷми 114 ҳазору 372 киловатт-соат  бо маблағи 30 ҳазору 802 сомонӣ тартиб додаанд, ки аз ин маблағ  6445 сомонии он руёнида шудааст. Ҳамчунин бо ташаббуси гурӯҳҳои корӣ қарзҳои истифодаи неруи барқ бо маблағи 170 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби корхонаву ташкилотҳо  ва сохторҳои тиҷоратӣ баргардонида шуд. Дар ҳудуди ноҳия 25  нуқтаи фурӯши ангишт ва 20 нуқтаи сайёри фурӯши  ин сӯзишворӣ  бо ғунҷоиши 1750 тонна  мавҷуд буда, аҳолӣ аз он истифода менамоянд.

Дар ин бора сармуҳандиси Шабакаҳои барқи ноҳияи Варзоб Нарзимурод Иброҳимов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ дод.

Дар ноҳияи Варзоб  баҳри сарфакорона истифода бурдани  неруи барқ бо иштироки  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шабакаҳои барқи ноҳия ва раисони маҳаллаҳо 4 гурӯҳи корӣ  таъсис  дода шудааст. Айни замон гурӯҳҳои корӣ ба аҳолии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок  менмоянд.

Тибқи иттилои масъулини шабакаҳои барқи ноҳияи Варзоб,  аз 16  то  27 декабри соли равон  56 ҳазору 400 киловатт-соат неруи барқ сарфа шудааст.

Акс аз бойгонӣ

Декабрь 29, 2020 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод
Фатҳиддин Усмонзода: Ба миқдори 300 ҳазор кВт/соат ба ҳисоби миёна қувваи барқро сарфа кардем
Дар Бадахшон ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи истифодаи барқ ҷамъоварӣ гардид
Дар маркази ноҳияи Хуросон 15 нуқтаи фурӯши ангишт ба сокинон хизмат мерасонанд
Ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтавои муроҷиатномаи «Барқи тоҷик» бо усули «Хона ба хона» расонида шуд