ДАРАХТ БИНШОН! Дар Восеъ беш аз 1000 бех ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуданд

Декабрь 1, 2020 16:25

ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар ноҳияи Восеъ бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар Ҷамоати деҳоти «Рӯдакӣ»-и ноҳия бо мақсади обод намудани як гӯшаи мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ сурат гирифт. Дар он беш аз 1000 бех ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи марказии ХХДТ  ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба маъракаи ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Зимни маърака мутахассисони ниҳолпарвар оид ба интихоби дарахтони ҳамешасабз, парвариши онҳо, тарзи кӯчонидани дарахтони бисёрсола аз як ҷой ба ҷойи дигар ва тарҳу ороиши кӯчаву хиёбонҳо тавсияҳо доданд.

Бино ба иттилои мутахассисони соҳа, дар фасли тирамоҳ шинонидани дарахтон мувофиқи мақсад буда, риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ ҳатмӣ мебошад. Зеро шинонидани дарахтон ба муҳити экологӣ таъсири мусбат гузошта, ба кӯчаву хиёбонҳо зебоии хосса мебахшад.

Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагонамон мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ба иди ҳақиқӣ табдил ёфта, мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.

Декабрь 1, 2020 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд