ДАРАХТ БИНШОН! Дар Восеъ беш аз 1000 бех ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр дар ноҳияи Восеъ бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар Ҷамоати деҳоти «Рӯдакӣ»-и ноҳия бо мақсади обод намудани як гӯшаи мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ сурат гирифт. Дар он беш аз 1000 бех ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафкан шинонида шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи марказии ХХДТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба маъракаи ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Зимни маърака мутахассисони ниҳолпарвар оид ба интихоби дарахтони ҳамешасабз, парвариши онҳо, тарзи кӯчонидани дарахтони бисёрсола аз як ҷой ба ҷойи дигар ва тарҳу ороиши кӯчаву хиёбонҳо тавсияҳо доданд.
Бино ба иттилои мутахассисони соҳа, дар фасли тирамоҳ шинонидани дарахтон мувофиқи мақсад буда, риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ ҳатмӣ мебошад. Зеро шинонидани дарахтон ба муҳити экологӣ таъсири мусбат гузошта, ба кӯчаву хиёбонҳо зебоии хосса мебахшад.
Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагонамон мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ба иди ҳақиқӣ табдил ёфта, мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.








Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд






