Дастаи «Кӯшониён» чемпиони футболи маҳаллӣ дар Тоҷикистон гардид

Декабрь 28, 2020 11:33

ДУШАНБЕ, 28.12.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар нахустин мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол байни деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2020 дастаи  деҳаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Кӯшониён ғолиби  мусобиқа гардид. Дастаи шаҳраки  «Дарбанд»-и ноҳияи Нуробод ҷойи дуюм ва дастаи деҳаи «Хумбивалӣ»-и ноҳияи Дарвози ВМКБ ҷойи сеюмро сазовор гардиданд. Ба дастаҳои  ғолиб  мукофоти пулӣ, аз ҷумла барои ҷойи аввал маблағи 10 000 сомонӣ, зинаи дуюм  7 500 сомонӣ ва ҷойи сеюм ба  5 000 сомонӣ тақдим  гардид. Дар ин бора  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.    

Бо ташаббуси Федератсия футболи Тоҷикистон ҳар сол дар ҷумҳурӣ  байни наврасону ҷавонон мусобиқаи футбол баргузор мешавад, ки  мусобиқаи варзишии футболи хурд миёни дастаҳои деҳаҳову  маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва  деҳоти  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷумлаи онҳо маҳсуб мешавад.

Ин иқдоми наҷиби ФФТ имконият медиҳад, ки  дар оянда аз байни ҳамин ҷавонон  чеҳраҳои нав ба монанди Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Алишер Ҷалилов ва дигар нобиғаҳои футболи тоҷик дарёфт карда шаванд.

Ёдовар мешавем, ки  26 декабр дар майдони захиравии назди Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе    марҳилаи ниҳоии мусобиқаи варзишии футболи хурд миёни дастаҳои деҳаҳо ва маҳаллаҳои аҳолинишини ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардид.

Мусобиқаи мазкур  нахустин маротиба ба таври комилан фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад. Ин маърака байни ҷавонони деҳаю маҳаллаҳо дар чаҳор марҳила баргузор карда шуд:

— Марҳилаи якуми мусобиқа дар сатҳи маҳал, деҳа ва шаҳрак байни ҷавонони деҳаю маҳаллаҳо;

— Марҳилаи дуюми мусобиқа бо иштироки ғолибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот;

— Марҳилаи сеюми мусобиқа бо иштироки ғолибони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва минтақаҳо;

— Марҳилаи ниҳоӣ бо иштироки ғолибони вилоят ва минтақаҳо дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар марҳилаи финалии мусобиқа, ки аз  22  то 26  декабр дар шаҳри Душанбе доир шуд, дастаҳои деҳаи «Хумбивалӣ»-и ноҳияи Дарвози ВМКБ, деҳаи «Ҳосилот»-и ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон, деҳаи «Деҳмой»-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, шаҳраки «Дарбанд»-и ноҳияи Нуробод, деҳаи «Боғистон»-и шаҳри Ҳисор ва маҳаллаи «Яккачинор»-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе байни ҳам мубориза бурданд. Дар  он  дастаи  деҳаи «Ҳосилот»- и ноҳияи Кӯшониён бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ғолиби  мусобиқа гардид.

Ҳадаф аз баргузори мусобиқаи мазкур, пеш аз ҳама тарғиби тарзи ҳаёти солим, рӯ овардани ҷавонон ба варзиш, дарёфти чеҳраҳои нави варзишӣ ва ҷалби бештари ҷавонони деҳот ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба ҳисоб меравад.

Декабрь 28, 2020 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд