Дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон ҷамъомади дуюми омӯзишию машқиро оғоз кард

Декабрь 4, 2020 09:28

ДУШАНБЕ, 04.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. 3 декабр дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии сармураббӣ  Мубин Эргашев ҷамъомади дуюми дуҳафтаинаи омӯзишиву машқиро дар шаҳри Душанбе оғоз кард. Мубин Эргашев барои ширкат дар ин ҷамъомад 27 бозингар, аз ҷумла 4 дарвозабон, 8 муҳофизатгар, 8 ниммуҳофизатгар ва 7 ҳамлагар даъват кардаст. Мувофиқи нақшаи ситоди мураббиён, дар ин ҷамъомади омӯзишиву машқӣ даста рӯзе се маротиба тамрин мекунад. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё аз 3 то 20 моҳи марти соли оянда дар  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон баргузор мешавад. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» баромад мекунад. Рақибони дастаи  ҷавонони Тоҷикистон  дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳои мунтахаби ҷавонони Малайзия, Яман ва Қатар мебошанд.

Чор дастаи беҳтарини марҳилаи ниҳоии чемпионати Осиё-2021 соҳиби роҳхат ба чемпионати ҷаҳон байни ҷавонони то 20-сола  мешаванд. Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонони то 20-сола  дар давлати Индонезия баргузор хоҳад шуд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон (U-19) барои иштирок дар ҷамъомади омӯзишиву машқӣ дар Душанбе:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов («Хуҷанд»), Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);

Дифоъгарон: Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Қиматшо Муминшоев («Панҷшер»), Манучеҳр Сафаров, Исроил Холов, Муҳаммад Саломзода, Ҷонибек Шарипов, Шоҳрух Сангов (ҳама аз «Локомотив-Помир»), Сафиаллоҳи Назарзода («Хатлон»);

Ниммуҳофизон: Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Амадони Камолов («Истиқлол»), Шерзод Дадабоев, Муҳаммад Бӯризод, Ҳикматило Исмоилов (ҳама аз «Барқчӣ»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шӯҳрат Элмуродов, Шарифбек Раҳматов (ҳама аз «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Металлург», Узбекистон), Рустам Соиров («Истиқлол»), Салам Ашурмамадов («Истаравшан»), Азизбек Ҳасанов, Парвиз Ҳоҷиев (ҳарду аз «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Декабрь 4, 2020 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад