Дастаи «Ориёнбонк» дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал байни дастаҳои силсилаи «А» ғалаба кард

Декабрь 15, 2020 10:05

ДУШАНБЕ, 15.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи  «Ориёнбонк» дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футзал байни дастаҳои силсилаи «А» дар минтақаи Душанбе ғолиб гардид. Мусобиқаи Серияи А оид ба футзал дар Душанбе бо иштироки сездаҳ даста оғоз ёфта, ду моҳ идома кард. Дар марҳилаи аввал дастаҳо дар як давр бо низоми махсус бозӣ карданд. Баъдан ҳашт даста ба даври ¼-ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар марҳилаи плей-офф бозиҳо аз рӯи системаи олимпӣ гузаронида шуданд. Дар ин бора  шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар вохӯрии ниҳоӣ дастаҳои  «Ориёнбонк»   бо  «Иттифоқ» байни ҳам вохӯрданд. Бозии ҳалкунандаи силсилаи «А» ҷолиб ва диданӣ доир гардид. Дар вақти асосӣ дастаҳо ғолибро муайян карда натавонистанд.-3:3 ва дар силсилаи пеналти футзалбозони «Ориёнбонк»  бо натиҷаи 3:2 пирӯз шуда, ғолиби Серияи А-и футзали тоҷик дар минтақаи Душанбе гардиданд.

Дар маросими тақдими ҷоиза ғолибон ва ҷоизадорон бо медалу дипломҳо сарфароз гардонида шуданд. Кумитаи тадорукоти чемпионат бозингарони беҳтаринро муайян кардааст.

Фирӯз Зайниддинов («Ориёнбонк») беҳтарин дарвозабон дониста шуд. Ҷоизаи беҳтарин ҳимоятгар ба Алиҷон Ҳабибуллоев («Истиқлол») супорида шуд.

Беҳтарин футболбоз ба Меҳроб Раҳимов («Корвон») тақдим карда шуд.

Коулман Акуенте («Иттифоқ») беҳтарин бозингари универсалӣ дониста шуд.

Ибодулло Назиров («Ориёнбонк») ҷоизаи беҳтарин нишонзани серияи «А» -ро дар минтақаи Душанбе гирифт.

Бобомурод Мирзоев («Иттифоқ») беҳтарин мураббии чемпионат дониста шуд.

Декабрь 15, 2020 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад