Дастпарвари футболи тоҷик Игор Черевченко моҳи ноябр беҳтарин мураббии Премйер-лигаи Россия эътироф гардид

Декабрь 3, 2020 14:45

ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дастпарвари футболи тоҷик, собиқ ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон, сармураббии бошгоҳи футболи «Химки» Игор Черевченко беҳтарин мураббии Премйер-лигаи Россия дар моҳи ноябр эътироф шуд. Дар се бозии моҳи охири тирамоҳ «Химки» се ғалаба ба даст овард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба vesti.ru.

Дар моҳи ноябр шогирдони Черевченко дар майдони худ Рубин (2:0) ва Краснодарро (1:0) мағлуб карданд ва инчунин дар Уфа (2:1) пирӯз шуданд. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Премйер-лигаи Россия, мураббии «Химки»-ро мухлисон, мутахассисони лига ва шабакаи телевизиони «Матч Премйер» якдилона интихоб карданд.

Ба ғайр аз Черевченкои 46-сола, ба ҷоиза ҳамчунин мураббиён Сергей Семак (Зенит), Доменико Тедеско (Спартак), Валерий Карпин (Ростов) ва Андрей Талалаев (Аҳмат) пешбарӣ шуданд. Зимни овоздиҳӣ Черевченко 43,16% овози мухлисонро ба даст овард.

«Химки» пас аз 16 бозии Премйер-лига бо 18 имтиёз дар ҷои 12-ум қарор дорад. Дар даври навбатӣ «Химки» рӯзи якшанбе, 6 декабр, дар меҳмонӣ бо «ССКА»-и Москва бозӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Игор Черевченко зодаи шаҳри Душанбе, писари Геннадий Черевченко, ки тақрибан тамоми фаъолияти худро дар «Помир»-и Душанбе гузаронидааст, мебошад. Солҳои 1993-1994 дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ карда, 4 бозӣ гузаронидааст. Бо бозиҳояш дар ҳайати «Локомотив»-и Москва маъруф буда, яке аз бозингарони калидии ин даста буд. Дар ҳайати роҳиоҳанчиён ӯ чор маротиба барандаи ҷоизаи чемпионати Россия ва чор маротиба барандаи Ҷоми Россия гардида, ду маротиба дар нимфинали Ҷоми барандагони ҷомҳои УЕФА ширкат варзидааст.

Игор Черевченко зуд-зуд ба Душанбе, аз ҷумла барои иштирок дар мусобиқаи кӯдакон ба хотири ёдбуди падараш, собиқ сарбони «Помир» Геннадий Черевченко меояд.

ДАР АКС: Игор Черевченко моҳи майи соли 2019 бо иштирокчиёни мусобиқаи кӯдакон ба хотири ёдбуди падараш. Акс аз хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон

Моҳи майи соли гузашта Игор Черевченко дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон чунин гуфт: «Ман ба Душанбе на ба меҳмонӣ, балки ба хона омадам. Ман дар ин ҷо таваллуд шуда, ба воя расидаам. Дар Россия ман ҳеҷ гоҳ аз ситоиши ҷумҳурии худ хаста намешавам ва пайваста дӯстонамро даъват мекунам, ки ба Тоҷикистон ташриф оранд, аз табиати он ва ҳавои тоза баҳра баранд. Ман онро «Швейтсарияи хурди Осиё» меномам. Ифтихор дорам, ки дар ин ҷумҳурӣ таваллуд шудаам. Тоҷикистон ватани аслии ман аст!».

 

АКСИ боло аз бойгонӣ

Декабрь 3, 2020 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид