Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо тарзи истифодабарии замини наздиҳавлигии оилаи Маматқуловҳо шинос шуд
ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 22 декабр муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ҷаббор Расулов сафар намуда, бо тарзи истифодабарии замини наздиҳавлигии сокинон шинос шуданд. Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳия нахуст Эргашбой Маматқулови 95 соларо аёдат намуда, сипас бо тарз ва ташкили кор дар қитъаи замини наздиҳавлигии ин оила шинос шуданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, оилаи Маматқуловҳо дар ҳавлии худ дар масоҳати 0,054 га замин гармхона сохта, дар он сабзавот, аз ҷумла карам, помидору бодиринг, шалғам, шибиту пиёз ва ғайраро парвариш мекунанд. Онҳо аз ин ҳисоб зиндагии худро таъмин сохта, ҳамзамон ба нигоҳубини чорво низ машғул мебошанд. Ин оила бо истифода аз маҳсулоти бадастовардаашон аз китъаи замини наздиҳавлигӣ барои зимистонгузаронӣ низ маводи ғизоии зарурӣ захира намудаанд.
Зимни боздид таъкид гардид, ки бояд ҳар як сокини ноҳия замини наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, баҳри таъмини оилаи худ бо маводи ғизоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода барад. Дар ин замина таҷрибаи сокинони Ҷамоати деҳоти Деҳмой шоистаи пайравӣ арзёбӣ карда шуд, зеро қариб ҳар як оила гармхонаҳои хурд ташкил кардаву дар он ба меҳнати самаранок машғул мебошанд.









Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






