Муовини Сарвазир Матлубахон Сатториён туҳфаҳои идонаи Пешвои миллатро ба 316 нафар кӯдакони маъюби шаҳри Ҳисор расонид

Декабрь 25, 2020 11:57

ҲИСОР, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода бо тарбиягирандагон ва омӯзгорони муассиса мулоқот намуда, туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо таманниёти солинавӣ ба маъюбону омӯзгорон тақдим намуданд. Кӯдакону наврасони маъюб аз ин меҳрубонӣ ва лутфу марҳамати Пешвои миллат  шод гардида, бо арзи сипосу эҳтиром дар васфи Ватан-модар, истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллӣ шеърҳо қироат намуданд.

Дар муассисаи Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус 316 нафар кӯдакони маъюб аз вилоятҳо ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба тарбия фаро гирифта шудааст, ки онҳо  пайвастаи зери ғамхории давлату Ҳукумат қарор доранд. Дар ин муассиса кӯдакони маъюбро устодону мураббияҳои ғамхор бо меҳру муҳаббат парасторӣ менамоянд.

Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои муассиса аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири пурра гардида истодааст. То ин муддат толори маҷлисгоҳ, хобгоҳҳои кӯдакон ва як қисми дигари бино пурра таъмир шуда, шароити кӯдакони маъюб хуб гардидааст. Онҳоро бо аробачаҳои нави маъюбӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин намудаанд.

Декабрь 25, 2020 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид