Ду олими тоҷик академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд

Декабрь 29, 2020 14:35

ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Ду олими тоҷик аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  Акобир Мирзораҳимов ва Саидмуроди Хоҷазод академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд.

Тавре аз Донишгоҳи мазкур ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, доктори илмҳои биология, профессор Акобир Мирзораҳимов муаллифи беш аз 15 таълифот ва доктори илмҳои филология, профессор  Саидмуроди Хоҷазод муаллифи беш аз 20 китоб, дастур, монография ва васоити таълим мебошанд. Олимони мазкур бо дастовардҳои бунёдӣ дар ҷодаи илм ва маориф чун мутахассисони варзидаи соҳаҳои худ эътироф шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ соли 1992 бо мақсади мусоидат ба ҳалли мушкилоти муассисаҳои олии таълимӣ дар ҷодаи гузариш ба низоми нави таҳсилот, рушди илм, ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар низоми таҳсилоти касбӣ таъсис ёфта, беш аз 1200 олимони муътабари сатҳи ҷаҳониро   аз 45 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон муттаҳид менамояд.

Президенти АИБ МО ходими илм ва техникаи Федератсияи Россия Валентин Ефимович Шукшунов буда, марказаш дар шаҳри Москва  ҷойгир аст.

Бояд тазаккур дод, ки номзадҳо ба Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ бояд докторони илм ва профессорони дар арсаи ҷаҳонӣ шинохташуда бошанд. Шахсоне, ки аъзои ҳақиқии Академия интихоб мешаванд ба унвони Академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ мушарраф мегарданд. Аъзои Академия бояд бобати рушди соҳаҳои маориф ва илм пайваста саҳми фаъол гузоранд, барои реформаи  ин соҳаҳо пешниҳодҳои ҷолиб намояд, ҷиҳати ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи маориф ва илм ва таҳаввулоти соҳа иқдом варзанд.

Декабрь 29, 2020 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд