Ду олими тоҷик академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ду олими тоҷик аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Акобир Мирзораҳимов ва Саидмуроди Хоҷазод академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд.
Тавре аз Донишгоҳи мазкур ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, доктори илмҳои биология, профессор Акобир Мирзораҳимов муаллифи беш аз 15 таълифот ва доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод муаллифи беш аз 20 китоб, дастур, монография ва васоити таълим мебошанд. Олимони мазкур бо дастовардҳои бунёдӣ дар ҷодаи илм ва маориф чун мутахассисони варзидаи соҳаҳои худ эътироф шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ соли 1992 бо мақсади мусоидат ба ҳалли мушкилоти муассисаҳои олии таълимӣ дар ҷодаи гузариш ба низоми нави таҳсилот, рушди илм, ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар низоми таҳсилоти касбӣ таъсис ёфта, беш аз 1200 олимони муътабари сатҳи ҷаҳониро аз 45 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон муттаҳид менамояд.
Президенти АИБ МО ходими илм ва техникаи Федератсияи Россия Валентин Ефимович Шукшунов буда, марказаш дар шаҳри Москва ҷойгир аст.
Бояд тазаккур дод, ки номзадҳо ба Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ бояд докторони илм ва профессорони дар арсаи ҷаҳонӣ шинохташуда бошанд. Шахсоне, ки аъзои ҳақиқии Академия интихоб мешаванд ба унвони Академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ мушарраф мегарданд. Аъзои Академия бояд бобати рушди соҳаҳои маориф ва илм пайваста саҳми фаъол гузоранд, барои реформаи ин соҳаҳо пешниҳодҳои ҷолиб намояд, ҷиҳати ҳамгироии кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи маориф ва илм ва таҳаввулоти соҳа иқдом варзанд.








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






