Фонди қарзии хурди «Файзи Сурхоб» барҳам дода шуд
ДУШАНБЕ, 04.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон боз як фонди қарзии хурд –«Файзи Сурхоб» барҳам дода шуд. Дар ин хусус Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» қарори марбута қабул намуд.
Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, тибқи ин қарор иҷозатномаи фонди қарзии хурди «Файзи Сурхоб» бозхонд гардид.
Дар айни замон дар Тоҷикистон 19 бонк, 18 ташкилоти амонатии карзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фонди қарзии хурд фаъолият менамоянд.








Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.1259 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
Дар КВД «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст






