ДУШАНБЕ, 24.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода дар суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Сомониён, Мирзо Турсунзода, Навобод, Зайнабобод, Роҳатӣ, Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ масъалаи истифодаи самарноки нерӯи барқ, пешгирии қонунвайронкунӣ вобаста ба ғасби қитъаҳои замин, истифодаи оқилонаю самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, суръатбахшии кишти тирамоҳӣ, бештар кишт намудани зироатҳои кишоварзии ниёзи аввал, махсусан картошка, вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ, бо сифати баланд ва бо ҷалби мутахассисони соҳа шинонидани дарахтон ва пешгирии хушк шудани онҳоро баррасӣ намуданд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷараёни мулоқот Ориф Хоҷазода омодагӣ сокинони ноҳияро ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, Наврӯзи Аҷам дар ҳар як деҳа, маҳалла, ҷамоат, инчунин саривақт ва бо сифати баланд бунёд намудани иншооти ҷашнӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, чораҷўӣ барои пайдо намудани сарчашмаҳои иловагии даромад, сармоягузорӣ ва андозбандӣ, омодагӣ ба ҷамъбасти сол ба фаъолону сокинони ноҳия тавсияҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода роҳбарии гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рўдакиро ба уҳда дорад.