Гурӯҳи корӣ бо сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дар мавзӯъҳои муҳими рӯз суҳбату вохӯриҳо доир намуд

Декабрь 24, 2020 14:26

ДУШАНБЕ, 24.12.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода дар суҳбату вохӯриҳо  бо  сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Сомониён, Мирзо Турсунзода, Навобод, Зайнабобод, Роҳатӣ, Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ масъалаи  истифодаи самарноки нерӯи барқ, пешгирии қонунвайронкунӣ вобаста ба ғасби  қитъаҳои замин, истифодаи оқилонаю самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, суръатбахшии кишти тирамоҳӣ, бештар кишт намудани зироатҳои кишоварзии ниёзи аввал, махсусан картошка, вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ, бо сифати баланд ва бо ҷалби мутахассисони соҳа шинонидани дарахтон  ва пешгирии хушк шудани онҳоро баррасӣ намуданд.  

Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуотии  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд.

Дар ҷараёни мулоқот Ориф Хоҷазода  омодагӣ сокинони ноҳияро ба таҷлили  ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, Наврӯзи Аҷам дар ҳар як деҳа, маҳалла, ҷамоат,  инчунин саривақт ва бо сифати баланд бунёд намудани иншооти ҷашнӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, чораҷўӣ барои пайдо намудани сарчашмаҳои иловагии даромад, сармоягузорӣ ва андозбандӣ, омодагӣ ба ҷамъбасти сол   ба фаъолону сокинони ноҳия тавсияҳо доданд.

Ёдовар мешавем, ки Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода роҳбарии гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рўдакиро ба уҳда дорад.

Декабрь 24, 2020 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод
Фатҳиддин Усмонзода: Ба миқдори 300 ҳазор кВт/соат ба ҳисоби миёна қувваи барқро сарфа кардем
Дар Бадахшон ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи истифодаи барқ ҷамъоварӣ гардид
Дар маркази ноҳияи Хуросон 15 нуқтаи фурӯши ангишт ба сокинон хизмат мерасонанд
Ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтавои муроҷиатномаи «Барқи тоҷик» бо усули «Хона ба хона» расонида шуд
Санҷишҳои муштарак дар минтақаи Рашт 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқро ошкор карданд