Гурӯҳи корӣ сарфакорона истифода намудани неруи барқро ба аҳолии ноҳияи Ҷаббор Расулов тавзеҳ дод

Декабрь 22, 2020 13:21

ДУШАНБЕ, 22.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-роҳбари гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Гулнора Ҳасанзода бо мақсади ба мардум фаҳмонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону  масъулини сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, зиёиён ва фаъолони ноҳия мулоқоти корӣ анҷом дод.

Гулнора Ҳасанзода нахуст миннатдории Сарвари давлатро ба мардуми ноҳияи Ҷаббор Расулов ҷиҳати иштироки фаъолона дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 дар фазои сулҳу осоиштагӣ ва боварии мардум ба ояндаи дурахшони мамлакат доир гардид, расонид.

Мавсуф муҳтавои муроҷиатномаи Сарвари давлатро оид ба оқилона ва сарфакорона истифода намудани неруи барқ, риояи ҳатмии қоидаҳои зидди сӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти серхароҷот ба ҳозирин тавзеҳ дод. Роҳбари гурӯҳи корӣ дастур дод, ки ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маводи озуқа ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ ташкил карда шаванд. Аёдати шахсони ниёзманд, маъюбон, ятимон, расонидани кумак ба ин гурӯҳҳои ниёзманд, дастгирии оилаҳои камбизоат бояд мунтазам аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шаҳраку деҳот, дигар сохторҳои мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба роҳ монда шавад.

Раиси ноҳияи  Ҷаббор Расулов Толиб Қудратзода доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳия, фаъолияти гурӯҳҳои корӣ  ҷиҳати  гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри сарфакорона ва оқилона истифода намудани неруи барқ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва ёрирасон, вазъи тайёрии муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар муассисаҳо ба зимистон ва захираи маводи сӯзишворӣ, ҷараёни корҳои ободонӣ ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.

Роҳбари гурӯҳи корӣ аз ҳамаи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов, зиёиён ва фаъолон  даъват намуд, ки барои дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон кӯшиш намоянд.

Декабрь 22, 2020 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод
Фатҳиддин Усмонзода: Ба миқдори 300 ҳазор кВт/соат ба ҳисоби миёна қувваи барқро сарфа кардем
Дар Бадахшон ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи истифодаи барқ ҷамъоварӣ гардид
Дар маркази ноҳияи Хуросон 15 нуқтаи фурӯши ангишт ба сокинон хизмат мерасонанд
Ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтавои муроҷиатномаи «Барқи тоҷик» бо усули «Хона ба хона» расонида шуд
Санҷишҳои муштарак дар минтақаи Рашт 73 ҳолати ғайриқонунӣ истифода бурдани қувваи барқро ошкор карданд