«ХАЙРХОҲӢ ШАРАФ АСТ-ВОЛОНТЁР МЕШАВЕМ!». 5 декабр — Рӯзи байналмилалии волонтёрон

Декабрь 5, 2020 09:47

ДУШАНБЕ, 05.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 5 декабр ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии волонтёрон — ихтиёриён таҷлил мешавад. Имрӯз бахшида ба  ин сана  дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Хайрхоҳӣ шараф аст-волонтёр мешавем!» барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ ва  аксияву ҳамоишҳои гуногун  баргузор шуда, ихтиёриёни фаъол қадрдонӣ  мегарданд.

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  узви Созмони Милали Муттаҳид аст, дар ин самт аз тарафи давлату ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ин аст, ки соли  2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» қабул гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2014 Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ муайян гардид.

Мавриди зикр аст, ки  дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11 октябри соли 2020 баргузор гардид,  10 ҳазор нафар волонтёрон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат барои расонидани хизмат дар маъракаи муҳими сиёсӣ  ҷалб карда шудаанд ва аз ин теъдод танҳо 250 нафар волонтёроне, ки донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошанд, барои мушоҳидони байналмилалӣ  ҳамчун роҳбалад хизмат намуданд.

Тавре зимни суҳбат сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  волонтёр шахсе мебошад, ки ба таври ихтиёрӣ бе музд барои рушди ҷомеа ба мардум хизмат мекунад. Тавассути пайваст шудан ба фаъолияти волонтёрӣ касбияти волонтёр аз лиҳози инсонӣ, ватандӯстӣ, худогоҳӣ, хештаншиносӣ ва аз ҳама муҳим, эҳтиром ба калонсолон зиёд мегардад. Вақте ки шахс ба фаъолияти волонтёрӣ мепайвандад, пеш аз ҳама, дар замираш дарки масъулият пайдо мешавад. Ин гуна шахсон мехоҳанд ба одамон кумак расонида, ҷомеаро ба пеш баранд ва  худро узви хуби ҷомеа эҳсос кунанд.

«Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми хайрхоҳӣ бисёр фаъол буда, ихтиёриён дар тамоми самтҳои ҷомеа саҳми арзишманд мегузоранд. Хусусан дар шаҳри Душанбе рушду ҳаракати волонтёрӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон ва варзиш ҳисобида мешавад. Ин низом зери таваҷҷуҳи хоссаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарор дорад. Саҳми волонтёрон имрӯз дар ташкил ва баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни сатҳи баланд, аз ҷумла интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят назаррас аст», — гуфт сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе беш аз 2 ҳазор нафар волонтёр буда,  дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр беш аз 250 нафар ихтиёриёни фаъолу ташаббускоре, ки ҳамарӯза саҳми арзишманди хешро дар пешрафти ҷомеа мегузоранд, хизмат мерасонанд. Имрӯз мафҳуми волонтёрӣ ва муҳим будани хизмати онҳо дар ҷомеа аллакай дарк гардидааст. Ҳамарӯза ҷавонони зиёд муроҷиат намуда, хоҳиш  доранд, ки дар ин мактаб тарбия ёфта, ба камол расанд, то вақту дониш ва имконияти  худро  ба фоидаи ҷомеа сарф намоянд.

Мутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Осим Муродзода, ки аз соли 2016 ба фаъолияти волонтёрӣ пардохта буд, иброз медорад, ки  тайи чанд сол дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба ҳайси волонтёр фаъолият кардааст ва маҳз ҳамин фаъолият буд, ки  ӯ кору пайкор, низоми хизмати давлатӣ, инкишофи нутқ ва гузаронидани чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриро омӯхт.

«Дар кӯдакиам орзуи хизматчии давлатӣ шудан доштам. Аз ин рӯ ҳамеша аз пайи амалӣ гаштани ин орзу будам. Вақте ба мактаби олӣ дохил шудам, ба гӯшам овозаи фаъолияти волонтёрӣ дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расид, ки аз ҷавонони худогоҳу худшинос ва масъулиятшиносу ватандӯст иборат аст. Ҳамон замон қарор додам, ки ман ҳам ба ин гурӯҳ мепайвандам. Зимни фаъолияти чандинсолаам бо дастгирии роҳбарони Кумита ба як ҷавони худогоҳу худшинос табдил ёфтам. Имрӯз бо такя ба фаъолияти волонтёрӣ дар мақомоти пойтахт  ба ҳайси хизматчии давлатӣ фаъолият дорам. Инҷо мехоҳам аз ҷавонони мамлакат даъват ба амал орам, ки  ба ин фаъолияти ҷамъиятӣ машғул шаванд ва ҳаматарафа инкишоф ёбанд. Зеро ман худро  тавассути ин фаъолият дар ҷомеа шинохтам ва мавқеи худро дар он пайдо намудам. Волонтёрӣ ва хизмат ба халқу Ватан барои ман ва даҳҳо чунин ҷавонони худогоҳу ватандӯст шараф аст»,- гуфт Осим Муродзода.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байналмилалии волонтёрон соли  1985  аз тарафи  Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуда, аз ҳамон сол инҷониб он ҳамчун иди расмӣ мақоми байналмилалӣ касб кардааст.

Волонтёр калимаи франсавӣ буда, маънои  мададгории ихтиёриро дорад. Волонтёр  шахсе мебошад, ки ба манфиати  Ватан ва мардуми худ ройгон, бидуни миннат   кумак намуда, барои хизмати кардааш подош талаб намекунад.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Декабрь 5, 2020 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид