Хоҷагии деҳқонии «Эмом»-и ноҳияи Муъминобод парвариши чорвои калони хушзоти сарсафеди қазоқӣ ва абердин-мангусро ба роҳ мемонад

Декабрь 19, 2020 08:37

ДУШАНБЕ, 19.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии деҳқонии «Эмом»—и ­ ноҳияи Муъминобод тасмим гирифтааст, ки дар мавзеи санглохзамини деҳаи Гулис­тон фермаи чорвопарварӣ ташкил намояд. Айни замон ду бинои асосӣ  сохта шуда, дар он 145 сар чорво парвариш меёбад. Ин чорво  асосан зотҳои беҳтаркардашудаи маҳаллӣ мебошанд, ки ҳар кадом 250-270 килограммӣ вазн доранд.

Тавре сардори хоҷагии деҳқонии мазкур  Эмом Алиев дар суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар»  иброз дошт, васеъ намудани доираи фаъолият дар ин самт идома дошта, аз ҷумла, сохтани ду кашар барои парвариши чорвои майда, хобгоҳи умумӣ ва ҳаммом барои коргарон дар назар дошта шудааст.

 «Дар хоҷагӣ барои зимистонгузаронии чорво захираи хошок фароҳам оварда шудааст. Мақсад дорем, ки дар оянда саршумори гӯсфандро зиёд намуда,   чорвои калони хушзоти сарсафеди қазоқӣ ва абердин-мангусро,  ки ба маҳалу иқлими ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг ва  Балҷувон мутобиқ гардонида шуда, вазни ниҳоии онҳо 600-700 килоро ташкил медиҳад,  парвариш  намоем»,-афзуд номбурда.

Иттилоъ дода шуд, ки аҳли хоҷагии деҳқонии «Эмом» барои парвариши юнучқа, ҷуворимакка, лаблабую қат­рабон 15 гектар замини обиро ба иҷора гирифтанд, то ки аз ин ҳисоб захираи хӯроки чорворо таъмин кунанд.

Сарвари  хоҷагии «Эмом»  иброз дошт, ки ин  талошҳо бо мақсади  фаровон намудани гӯшти арзон дар бозор, саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва ба ин васила ба даст овардани даромад ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста барои   аъзои  хоҷагӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳияи Муъминобод, ки иклимаш барои чорвопарварӣ мувофиқ аст, солҳои охир ин соҳа рушд карда, ҳоло сад хоҷагии деҳқонӣ ба парвариши чорво машғул аст ва бунёди чор фермаи дигар идома дорад.

                                                                   Аксҳо аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 19, 2020 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд