ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФАРОГИРИИ УМУМӢ БО ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТАНДУРУСТӢ. Дар зарфи 29 сол дар Тоҷикистон шумораи муассисаҳои тандурустӣ қариб ду баробар афзудааст

Декабрь 12, 2020 13:15

ДУШАНБЕ, 12.12.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола 12 декабр  Рӯзи байналмилалии  фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тандурустӣ  (International Universal Health Coverage Day) таҷлил мегардад. Мақсад аз таҷлили ин рӯз дастрасии ҳар нафар бо хизматрасониҳои хубу босифати тиббӣ   мебошад.

 «Агар дар Тоҷикистон  то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият мекард, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзуда, соли 2020 ба 4369 адад расидааст. Буҷети соҳаи тандурустӣ дар соли ҷорӣ 1 миллиарду 841 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2008 7,2 баробар зиёд мебошад».   Чунин  иброз намуданд  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  18 августи соли равон дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурусӣ.

Мавриди зикр аст, ки мутобиқи Амри Президенти мамлакат аз 22 майи соли 2018 доир ба амалӣ намудани корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти  давлатӣ давоми солҳои 2018-2021 бунёди 358 муассисаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ин ҳисоб 276 муассиса то аввали июли соли 2020 сохта ба истифода дода шуд. 132 иншооти дигар то охири соли 2021 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе бузургтарин иншооти соҳа — Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо 38 бино ва 61 шуъба ҳамчун маркази тиббии бисёрсоҳаи дорои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули 800 нафар дар як баст бунёд ва ба истифода супорида шуд. Дар ин муассиса ҳоло қариб 2400 нафар кормандон, аз ҷумла 500 нафар табибон ва беш аз 800 нафар кормандони миёнаи тиб ба мардуми Тоҷикистон хизмат карда истодаанд.

Дар ҷумҳурӣ, инчунин, 8 муассисаи тиббии бисёрсоҳавӣ, аз ҷумла, Маркази миллии тиббии «Шифобахш», Маркази тиббии шаҳрии рақами 1, беморхонаҳои клиникии вилоятӣ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва ноҳияи Данғара фаъолият доранд, ки дар онҳо ҳазорон нафар беморон табобат меёбанд. Яъне дилпурона гуфта метавонем, ки дар ин давра сатҳу сифат хизматрасонӣ хуб гардида, фарогирии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ беҳтар мегардад.

Тавре сардори Раёсати ислоҳот, кӯмаки аввалияи тиббию санитариӣ ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Илҳом Бандаев зикр кард, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалинамоии сиёсати худ ва дар доираи ҳамкорӣ  бо шарикон оид ба рушд як қатор стратегия ва барномаҳоро дар соҳаи тандурустӣ таҳия ва амалӣ намуда истодааст, ки ҳамаи онҳо ҷанбаҳои асосии фарогирии умумии тандурустиро инъикос менамоянд. Яке аз ҳуҷҷатҳои аввалиндараҷаи соҳа «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» ба шумор меравад, ки системаи мукаммали соҳаи тандурустӣ ва ислоҳоти маблағгузории тандурустиро фаро гирифта, дар асоси он дигар барномаҳо ва нақшаҳои стратегии соҳавӣ, ки ба рушди фарогирии умумии аҳолӣ бо хизматрасониҳои тиббӣ равона шудаанд, таҳия ва амалӣ гардида истодаанд.

«Ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ асосан ба баланд намудани адолатнокӣ ва самаранокии кӯмаки тиббию санитарӣ бо роҳи вориднамоии механизмҳои нави пардохти хизматрасонӣ ҳам дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ҳам дар сатҳи бистаринамоӣ, мубориза бо пардохтҳои ғайрирасмӣ ва вориднамоии ҳам пардохтҳои расмӣ равона карда шудааст»,- афзуд номбурда.

Мавсуф дар идома зикр намуд, ки мисоли ин «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ» мебошад. Барномаи мазкур ҳар се сол қабул гардида, давра ба давра бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати мамлакат  фарогирии он дар миқёси ҷумҳурӣ васеъ гардида истодааст.

Бояд гуфт, ки гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа зери таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, сол аз сол фарогирӣ ва дастарсии ин гурӯҳ ба хизматрасонии тиббӣ беҳтар мегардад. Тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа, аз ҷумла маъюбон, ветеранҳои ҷангу меҳнат, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва пиронсолон аз кӯмаки тиббии имтиёзнок бархӯрдор мебошанд. Ҷиҳати дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатие, ки тибқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008  «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» фаъолият менамоянд, ба 19 гурӯҳи шаҳрвандон мутобиқи мақоми иҷтимоӣ ва ба 10 гурӯҳи шаҳрвандон мутобиқи нишондодҳои тиббӣ хизматрасонии тиббӣ ба таври ройгон расонида  мешаванд.

Дар 19 шаҳру ноҳияҳое, ки Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ ба таври таҷрибавӣ амал  мекунад, имтиёзҳои болозикр низ амалӣ мегарданд.

 Нарзулло АЛИЗОДА,
АМИТ «Ховар»

ДАР АКС: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи маркази нави тиббӣ дар шаҳри Кӯлоб. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар».

Декабрь 12, 2020 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Вайрон намудани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ ҷиноят аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи талафоти неруи барқ ва истифодаи ғайриқонунии он дар ҷумҳурӣ ташвишовар аст»
АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ЭНЕРГЕТИКӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД. Дар қонунгузории Тоҷикистон барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардид
Дар маҷаллаи «The Diplomatic Insight» мақолаи олимони тоҷик таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои дипломатияи байналмилалӣ» ба нашр расид
Сарвазири Тоҷикистон бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои мо танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар ҳифзи иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии бебаҳои табиӣ ва сарчашмаҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ мебошанд
ҶОИЗАИ «ШАҲРИ СУЛҲ». Онро Душанбе барои саҳми беандоза дар таҳкими сулҳ ва арзишҳои башарӣ бо қарори ЮНЕСКО соҳиб гардид
МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»