«Истиқлолият — рамзи озодии миллат». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Истиқлолият — рамзи озодии миллат» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон-ташкилоти ибтидоии «Дизайн» ҳамоиши занонро баргузор намуд. Дар ин бора аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҳамоиши мазкур мудири шуъбаи кор бо занони дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Гулнора Бобоева зикр намуд, ки «таҷлили ин ҷашни бошукӯҳи давлатӣ бо мақсади гиромидошти ин неъмати бузург аст, ки бори дигар рӯҳи истиқлолхоҳиро дар афкор ва шуури ҷомеа, бахусус дар ниҳоди насли ҷавон таҳким дода, ҳисси ифтихор ва масъулиятшиносиро бедор месозад. То ҷавонони саодатёр тавонанд ба қадри Истиқлоли давлатӣ ва суботу оромии мамлакат бирасанд».
Мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Назокат Маҳмадзода зикр кард, ки «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон давоми фаъолияташ аз имтиҳонҳои зиёде гузашта, обрӯ ва манзалаташро миёни табақаҳои мухталифи ҷомеа таҳким бахшид ва ин рисолатро мо бояд пайваста тақвият бахшему ҷидду ҷаҳд намоем, ки ҳизби воқеан ҳам мардумӣ бошем. Дар ин робита ҷалби мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар ҳадафи аслӣ ва меҳвари фаъолияти ҳизби моро ташкил медиҳад».
Дар ҷамъбасти ҳамоиши занон як гурӯҳ фаъолзанон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ гардиданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






