Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон соҳиби китобхона шуданд
ДУШАНБЕ, 13.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон китобхона таъсис дода шуд. Китобхонаи мазкур баҳри баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ташкил гардида, дар гӯшаи асарҳои таърихиву сиёсӣ, илмиву бадеӣ ва фарҳангӣ зиёда аз 350 нусха китоб ҷойгир карда шуд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, китобхонаи мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода, дар баробари фароҳам овардани китобҳои бадеӣ, инчунин беш аз 20 номгӯи матбуоти даврӣ, аз қабили рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ барои хонандагон пешниҳод гардидааст.
Бояд гуфт ки китобхона макони илму маърифат ба ҳисоб рафта, ба кормандони шаҳри Гулистон имкон медиҳад, ки барои такмили дониш, ҷаҳонбинӣ ва дарёфти иттилоот аз он самаранок истифода баранд. Китобхона ганҷинаи ҳикматҳои бузург буда, ҳар кас бо умед аз дари он ворид мегардад. Маҳз ба воситаи китоб инсон метавонад роҳи дурустро дар ҳаёт пеша намуда, аз таъриху фарҳанги худ бохабар шавад, зеро китоб неруи бузург мебошад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






