Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон соҳиби китобхона шуданд

Декабрь 13, 2020 09:22

ДУШАНБЕ, 13.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон китобхона таъсис дода шуд. Китобхонаи мазкур баҳри баланд бардоштани сатҳи маънавиёти кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон  ташкил гардида, дар  гӯшаи  асарҳои таърихиву сиёсӣ, илмиву бадеӣ ва фарҳангӣ  зиёда аз 350 нусха китоб ҷойгир карда шуд.

Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба  АМИТ «Ховар» хабар доданд, китобхонаи мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода, дар баробари фароҳам овардани китобҳои бадеӣ, инчунин беш аз 20 номгӯи матбуоти даврӣ, аз қабили рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ  барои хонандагон пешниҳод гардидааст.

Бояд гуфт ки китобхона  макони илму маърифат ба ҳисоб рафта, ба кормандони  шаҳри Гулистон  имкон медиҳад, ки барои такмили дониш, ҷаҳонбинӣ ва дарёфти иттилоот аз он самаранок истифода  баранд. Китобхона ганҷинаи ҳикматҳои бузург  буда, ҳар кас бо умед аз дари  он ворид мегардад. Маҳз ба воситаи китоб инсон метавонад роҳи дурустро дар ҳаёт  пеша намуда, аз таъриху фарҳанги худ бохабар шавад, зеро китоб неруи бузург мебошад.

Декабрь 13, 2020 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад