Маросими савгандёдкунии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 15, 2020 12:02

ДУШАНБЕ, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 декабр дар Қасри миллат бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими савгандёдкунии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бояд ёдовар шуд, ки мутобиқи моддаи 73 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 8 Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” аъзои Ҳукумат баъди таъин шудан ба вазифа ва тасдиқ гардидани фармон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунанд.

Аъзои Ҳукумат бо дарки масъулият ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карданд, ки манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама боло мегузоранд, тамоми нерӯ  ва дониши худро барои рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон содиқона ва поквиҷдонона сарф менамоянд, Конститутсия, қонунҳо ва амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қатъиян риоя намуда, баҳри баланд бардоштани шӯҳрати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ софдилона хизмат менамоянд.

Пас аз анҷоми савгандёдкунии аъзои Ҳукумат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои хизмати содиқона ва софдилона ба халқу Ватан ҳидоят  намуданд.

Маросими савгандёдкунии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 15.12.2020

Декабрь 15, 2020 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд