Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА дар мақоми 121 қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон соли 2020-ро дар ҷои 121 дар рейтинги Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) ба анҷом расонд, ки натиҷаи ниҳоии он 10 декабр дар сомонаи расмии ин ташкилот нашр шуд. Мунтахаби миллии мо 1143 имтиёз ба даст овардааст.
Дар байни дастаҳои мунтахаби минтақаи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ҷои 22-юм қарор дорад.
Аз сабаби он, ки пас аз эълони рейтинги охирин ягон танаффуси байналмилалӣ барои бозиҳои мунтахабҳо ба амал наомадааст, мавқеи аксар дастаҳо тағйир наёфтааст.
Дар сегонаи аввал Белгия, Франсия ва Бразилия ҷойгир шудаанд. Баъдан дар ин рейтинг мунтахабҳои Англия, Португалия, Испания ва дигар дастаҳо ҷойгиранд. Дар рӯйхат 210 даста сабт шудааст.
Рейтинги ниҳоии ФИФА (даҳгонаи беҳтарин):
1 (1). Белгия — 1780;
2 (2). Франсия — 1755;
3 (3). Бразилия — 1743;
4 (4). Англия — 1670;
5 (5). Португалия — 1662;
6 (6). Испания — 1645;
7 (7). Аргентина — 1642;
8 (8). Уругвай — 1639;
9 (9). Мексика — 1632;
10 (10). Италия — 1625.
Давлатҳои ИДМ:
- Украина — 1521; 24-ум ҷой
- Россия — 1461; 39- ум ҷой
- Ӯзбекистон — 1283; 85- ум ҷой
- Беларус — 1269; 88- ум ҷой
- Грузия — 1267; 89- ум ҷой
- Қирғизистон — 1240; 96- ум ҷой
- Арманистон — 1233; 99- ум ҷой
- Эстония — 1180; 109- ум ҷой
- Озарбайҷон — 1180; 109- ум ҷой
- Тоҷикистон — 1143; 121- ум ҷой
- Қазоқистон — 1142; 122- ум ҷой
- Литва — 1114; 129- ум ҷой
- Туркменистон — 1107; 132- ум ҷой
- Латвия — 1082; 136- ум ҷой
- Молдова — 950; 177- ум ҷой
АКС аз ФФТ








Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд






