РОҲБАРИ НАМОЯНДАГИИ ИТТИҲОДИ АВРУПО МЭРИЛИН ҶОЗЕФСОН: «ЛИМӮИ ТОҶИК МЕТАВОНАД ЯКЕ АЗ БРЕНДҲОИ АЗ ҲАМА МУВАФФАҚИ КИШВАР ДАР ҶАҲОН ГАРДАД». Дар Душанбе оид ба масоили иқтидори содиротии ин намуди ситрусӣ форуми тиҷоратӣ баргузор гардид

Декабрь 1, 2020 13:48

ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.   Форуми тиҷоратӣ оид ба иқтидори содиротии лимӯи тоҷик панҷшанбеи гузашта дар Душанбе баргузор шуд. Форум бо ибтикори Агентӣ оид ба содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва иштироки намояндагони ҳайати Иттиҳоди Аврупо, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), Вазорати кишоварзӣ, ширкатҳои истеҳсолӣ ва коркарди маҳсулот аз тамоми минтақаҳои мамлакат баргузор шуд, хабар медиҳад рӯзноманигори АМИТ «Ховар».

Дар бораи нақши Агентӣ оид ба содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди содироти мамлакат, иқдомоти калидӣ, ки бояд пеш аз ворид шудан ба бозори нав татбиқ шаванд ва талаботи асосӣ ҷиҳати содироти лимӯ маълумот дода шуд.

Ба гуфтаи директори Агентӣ оид ба содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода, ҳадафи баргузории форум таҳкими иқтидори содиротии мамлакат, бахусус содироти лимӯ, ки яке аз самтҳои афзалиятнок мебошад, инчунин ҷустуҷӯи бозорҳои содиротӣ, ҳавасманд кардани ширкатҳои содиротӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ мебошад.

«Агентии мо барои пайдо кардани шарикони боэътимоди савдо, баланд бардоштани иқтидори фурӯш ва таблиғи молу маҳсулоти содиротӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар даҳ моҳи соли равон 150 тонна лимӯ асосан ба Россия, Қазоқистон ва Қирғизистон содир шуд», — хабар дод Бобозода.

Иштирокчиён имкон доштанд, ки аз намоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории Тоҷикистон, ки барои сармоягузорон, воридкунандагон ва харидорони эҳтимолӣ пешбинӣ шуда буд, дидан кунанд.

Дар расм Роҳбари Намояндагии ИА дар ҶТ М. Ҷосефсон

«Бо сабаби пандемияи COVID-19 ҳамаи соҳаҳои кишоварзӣ бояд якҷоя фаъолият намоянд, то кори бидуни таваққуф ва доимии тамоми занҷираи истеҳсол — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шавад», — зикр намуд Мэрилин Ҷосефсон, роҳбари Намояндагии ИА дар Тоҷикистон. «Дастрасии бемамониат ба маълумот оид ба тиҷорати лимӯ ва таҳлили сифати бозорҳо ва  нархҳои эҳтимолӣ бояд барои ҳама дастрас бошад. Ин усул шаффофияти бештарро таъмин мекунад ва ба таъминкунандагон, истеҳсолкунандагон ва коркардкунандагон, инчунин ба деҳқонон имкон медиҳад, ки қарорҳо ва нақшаҳои беҳтар қабул ва таҳия кунанд», — иброз намуд ӯ.

Мэрилин Ҷозефсон зикр кард, ки лимӯро ҳар рӯз одамон истеъмол мекунанд ва дар бисёр кишварҳои ҷаҳон парвариш карда мешавад, аммо лимӯи тоҷик хеле болаззат ва хушбӯй аст. «Умедворем, ки лимӯ дар оянда ба яке аз брендҳои муваффақи Тоҷикистон дар ҷаҳон табдил хоҳад ёфт», — гуфт ӯ.

Соли 2020 дар Тоҷикистон беш аз 4,4 ҳазор тонна лимӯ парвариш шуда, тақрибан 4 ҳазор тоннаи он ба хориҷа содир шудааст, имсол истеҳсолкунандагон парвариши 5 ҳазор тонна ситрусии муфидро ба нақша гирифтаанд.

«Лимӯ як маҳсулоти асосии кишоварзии Тоҷикистон аст, ки метавонад дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобат кунад», — гуфт Олег Гучгелдиев, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон. — Содирот метавонад тиҷоратро тағйир диҳад ва имконияти иловагӣ фароҳам оварад. Ин бозорҳоро ба таври назаррас васеъ намуда, ба афзоиши истеҳсолот оварда мерасонад ва аз ин рӯ идоракунии беҳтар талаб мекунад”.

Дар охири чорабинӣ байни истеҳсолкунандагони лимӯ, харидорони эҳтимолӣ аз Россия, Ховари Миёна ва Агентӣ оид ба содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории минбаъда дар соҳаи саноати хӯрокворӣ ва афзоиши содирот Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

ДАР АКС: Олег Гучгелдиев (намояндаи ФАО) и Мэрилин Ҷозефсон (намояндаи ИА) дар Тоҷикистон

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон лимӯ асосан дар вилояти Хатлон парвариш карда мешавад, ки иқлими он гарму нам аст. Ин намуди фаъолият метавонад барои кишоварзон фоидаовар бошад, зеро дарахтони лимӯ соле ду маротиба мева медиҳанд. Аз ҷумла, навъи лимӯе, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, Мейер ном дошта, даврашакл аст, пӯсташ  тунук, рангаш аз зарди баланд то норинҷӣ аст ва мағзи он нарм ва сероб мебошад.

Декабрь 1, 2020 13:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад