Сабти рекордии афзоиши сироятёбӣ аз коронавирус дар ҷаҳон дар як ҳафта — СУТ

Декабрь 23, 2020 12:03

ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон дар тӯли як ҳафта аз 4,6 миллион нафар зиёд шудааст — ин аз ҳама баландтарин нишондод аз оғози пандемия мебошад. Теъдоди фавтидагон беш аз 79 ҳазор нафар зиёд шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) имрӯз хабар додааст.

Тибқи маълумоти СУТ, аз 14 то 20 декабр дар ҷаҳон 4 612 790 ҳолати нави сироятёбӣ сабт ва 79 001 бемор фавтидааст.

Беморшавӣ дар  ҳафт рӯзи пеш  аз 7 то 13 декабр зиёда аз  4 329 927 ҳолатро дар бар мегирифт.

СУТ зикр мекунад,  ки «шумораи ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз COVID-19 ва фавтҳо ҳафтаи гузашта дубора афзоиш ёфт — мутаносибан 6% ва 4%». Бештар аз ҳама сироятёбӣ дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ афзудааст — зиёда аз 2,3 миллион. Дар Аврупо дар тӯли 7 рӯз аз ҳама зиёдтар ҳолатҳои фавт  сабт шудаанд — зиёда аз 36 ҳазор.

Дар Иёлоти Муттаҳида, шумораи гирифторони ин беморӣ дар тӯли як ҳафта беш аз 1,6 миллион нафар афзудааст. Пас аз он Бразилия (зиёда аз 326 ҳазор сирояти нав), Туркия (зиёда аз 194 ҳазор), Россия (зиёда аз 194 ҳазор), Ҳиндустон (зиёда аз 174 ҳазор), Германия (зиёда аз 173 ҳазор), Британияи Кабир (зиёда аз 173 ҳазор), Италия (зиёда аз 112 ҳазор), Франсия (зиёда аз 93 ҳазор), Полша (зиёда аз 76 ҳазор), Нидерланд (беш аз 73 ҳазор), Колумбия (зиёда аз 73 ҳазор) қарор доранд.

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 23, 2020 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон