Сабти рекордии афзоиши сироятёбӣ аз коронавирус дар ҷаҳон дар як ҳафта — СУТ
ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон дар тӯли як ҳафта аз 4,6 миллион нафар зиёд шудааст — ин аз ҳама баландтарин нишондод аз оғози пандемия мебошад. Теъдоди фавтидагон беш аз 79 ҳазор нафар зиёд шудааст. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) имрӯз хабар додааст.
Тибқи маълумоти СУТ, аз 14 то 20 декабр дар ҷаҳон 4 612 790 ҳолати нави сироятёбӣ сабт ва 79 001 бемор фавтидааст.
Беморшавӣ дар ҳафт рӯзи пеш аз 7 то 13 декабр зиёда аз 4 329 927 ҳолатро дар бар мегирифт.
СУТ зикр мекунад, ки «шумораи ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз COVID-19 ва фавтҳо ҳафтаи гузашта дубора афзоиш ёфт — мутаносибан 6% ва 4%». Бештар аз ҳама сироятёбӣ дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ афзудааст — зиёда аз 2,3 миллион. Дар Аврупо дар тӯли 7 рӯз аз ҳама зиёдтар ҳолатҳои фавт сабт шудаанд — зиёда аз 36 ҳазор.
Дар Иёлоти Муттаҳида, шумораи гирифторони ин беморӣ дар тӯли як ҳафта беш аз 1,6 миллион нафар афзудааст. Пас аз он Бразилия (зиёда аз 326 ҳазор сирояти нав), Туркия (зиёда аз 194 ҳазор), Россия (зиёда аз 194 ҳазор), Ҳиндустон (зиёда аз 174 ҳазор), Германия (зиёда аз 173 ҳазор), Британияи Кабир (зиёда аз 173 ҳазор), Италия (зиёда аз 112 ҳазор), Франсия (зиёда аз 93 ҳазор), Полша (зиёда аз 76 ҳазор), Нидерланд (беш аз 73 ҳазор), Колумбия (зиёда аз 73 ҳазор) қарор доранд.
АКС аз бойгонӣ








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






