Самариддин Ализода дар ҷаласаи онлайнӣ доир ба варианти нави SARS-CoV-2 иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 декабр бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо доир ба варианти нави SARS-CoV-2 ҷаласаи машваратии онлайнӣ доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур директорони минтақавии СУТ ва намояндагони вазоратҳои тандурустии як қатор кишварҳо иштирок намуданд. Тоҷикистонро дар ин ҷаласаи машваратӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самариддин Ализода намояндагӣ намуд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа иштирокчиён доир ба варианти нави SARS-CoV-2 мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон муовини сарпизишки тиббии Англия, профессор Ҷонатан Ван-Там ва ҳамкорони ӯ маълумоти охиринро дар бораи беморӣ ба ҳозирин пешниҳод намуда, ба саволҳои иштирокчиён посух гардониданд.








Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд






