Саммити сарони давлатҳои ИДМ тариқи видеоконфронс идома дорад
ДУШАНБЕ, 18.12.2020 / АМИТ «Ховар»/. Ин лаҳзаҳо саммити сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тариқи видеоконфронс идома дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». Тибқи иттилои ТАСС, яке аз мавзӯъҳои асосии саммит мубориза бар зидди паҳншавии коронавирус мебошад.
ТАСС бо истинод ба хадамоти матбуоти Кремл хабар медиҳад, ки сарони давлатҳо дар саммит вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориро дар доираи ИДМ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баррасӣ хоҳанд кард. Онҳо инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирусро баррасӣ мекунанд. Дар баробари ин, сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор хоҳанд кард.
«Дар хотимаи ҷаласа, консепсияи мубраму муҳими рушди минбаъдаи ИДМ тасдиқ карда шуда, изҳороти муштарак ба муносибати 75-умин солгарди таъсиси СММ, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотии байналмилалӣ ва якчанд санадҳои дигар қабул карда мешаванд», — гуфтаанд дар Кремл.
Пас аз анҷоми саммит АМИТ «Ховар» дар бораи иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маводи муфассал нашр хоҳад кард.








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






