Шахсоне, ки бемори коронавирусро аз сар гузаронидаанд, метавонанд муддати дароз дар шинохти бӯйҳо иштибоҳ кунанд

Декабрь 28, 2020 13:14

ДУШАНБЕ, 28.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Одамоне, ки бемории ба истилоҳ «коронавируси дарозмуддат» -ро аз сар гузаронидаанд,  зери  таъсири паросмия — дарки таҳрифшудаи бӯйҳо мондаанашонро зикр карданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Gazeta.ru» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи якшанбе,  27 декабр «Sky News»  иттилоъ додааст. Ба гуфтаи ин беморон, масалан, бӯйи моҳӣ барои онҳо нафратовар буд. Онҳо инчунин аз «бӯйи ширинтоби нофорам» гуфтанд.

Ба фикри профессор Нирмал Кумар, ин таъсир чунин шарҳ дода мешавад, ки SARS-CoV-2 вируси нейротропӣ аст. Он ба асабҳои коми болоии даҳон зарба мезанад, ки барои системаи асаб садамаовар аст.

Мутахассисони созмони AbScent, ки шахсони қувваи шомеаашон вайроншударо дастгирӣ мекунанд, ба чунин одамон тавсия медиҳанд, ки ҳар рӯз ба машқ — нафаскашии бӯйҳои гулҳои садбарг, мехак ва лимӯ дар тӯли 20 сония машғул шаванд. Ба гуфтаи онҳо, ин барқароршавии эҳсоси бӯйҳоро метезонад.

Истилоҳи «коронавируси дарозмуддат» таъсири бемориеро мегӯянд, ки ҳафтаҳо ва ё моҳҳо пас аз ташхис давом мекунад.

Пештар коршиноси пешбари Маркази ташхиси молекулярии Пажӯҳишгоҳи марказии эпидемиологияи “Роспотребнадзор” Михаил Лебедев гуфта буд, ки фурудгоҳ ҷойи эҳтимолан хатарнок дар робита бо имкони сироят ёфтан бо COVID-19  аст. Вай зикр кард, ки дар ин минтақа нигоҳ доштани фосилаи иҷтимоӣ душвор аст. Ғайр аз ин, дар он ҷо рафҳои пластикӣ истифода мешаванд ва мусофирон дар онҳо ашё ва ҳуҷҷатҳои шахсиашонро мегузоранд.

Олимони бритониёӣ дар моҳи ноябр эълом карда буданд, ки мағозаҳо ҷои хатарноктарин ҳангоми паҳншавии коронавирус мебошанд.

 

АКС аз «РИА Новости»

Декабрь 28, 2020 13:14

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»