Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои СААД ширкат меварзад

Декабрь 1, 2020 13:52

ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ширкат хоҳад кард, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷаласа дар шакли видеоконфронс баргузор мешавад. Ин нишаст қабл аз иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки фардо сурат мегирад, баргузор мешавад.

Тавре хабаргузории ТАСС бо истинод ба ВКХ Россия хабар медиҳад, сарони идораҳои дипломатии кишварҳои СААД ба нақша гирифтаанд, ки масъалаҳои мубрами амният ва баланд бардоштани самаранокии СААД, инчунин масъалаҳои амалии таҳкими муколамаи иштирокчиёни онро ҳам дар доираи созмон ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ, инчунин бо СММ дар соҳаи сулҳоварӣ баррасӣ кунанд.

«Ба нақша гирифта шудааст, ки якчанд ҳуҷҷатҳо ва изҳороти сиёсӣ, ки барои тасдиқ намудан ба сарони кишварҳои узви СААД дар ҷараёни иҷлосияи қарибулвуқӯъи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ 2 декабри пешниҳод мешаванд, тасдиқ карда шаванд», — изҳор доштанд дар ВКХ ФР.

                                                              АКС: АМИТ «Ховар»

Декабрь 1, 2020 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд