Сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромаду хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2021 тасдиқ гардид

Декабрь 30, 2020 12:13

ДУШАНБЕ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.  Дар ҷаласа  лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Муҳамадраҳим  Юсуфӣ»,  Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва  лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мизроб Кабиров, раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода, вакили Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода муаррифӣ намуданд.

Дар иҷлосия таъкид гардид, ки Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ, ки 18 марти соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст

Тибқи созишномаи сармоягузорӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» иқдом гирифтааст, ки дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳудуди қитъаи замини ба ҷамъият тааллуқдошта, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ бо технологияи «AD*STAR» бо иқтидори истеҳсолии 50 млн. дона халта дар як сол ба маблағи 10 млн. доллари ИМА сохта ба истифода диҳад.

Баъди бунёди корхонаи мазкур зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойҳои кории доимӣ ва музди меҳнати мувофиқ таъмин карда мешаванд. Иқтидори истеҳолии корхона имкон медиҳад, ки талаботи бозори дохила пурра бо маҳсулоти миллӣ қонеъ гардида, қисми боқимондаи он ба давлатҳои ҳамсоя содирот карда шавад.

Тибқи муқаррароти Созишномаи мазкур, ки муҳлати амали он 5 солро ташкил медиҳад, ширкати татбиқкунанда аз пардохти андоз аз фоида озод гардида, молу таҷҳизоти барои татбиқи лоиҳа пешбинишуда, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.

Дар маҷмўъ, тасдиқи Созишномаи мазкур ба воридоти техника ва технологияи муосир, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ғанӣ гардонидани бозори дохилӣ ва хориҷӣ бо маҳсулоти саноатӣ, воридоти маблағ ба буҷети ҷумҳурӣ, бунёди рақобати солим дар соҳа ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, мусоидат хоҳад кард.

Декабрь 30, 2020 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд