ДУШАНБЕ, 22.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидзода ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Варзоб бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аҳли ҷамоат ва сокинону фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Зимни мулоқот директори Агентӣ ба ҳамаи иштирокдорон сараввал миннатдории самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсии мамлакат-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол баргузор гардиданд, инчунин ҷиҳати гузоштани саҳми арзанда дар татбиқ ва дастгирии сиёсати Ҳукумат, амалигардонии нақшаю чорабиниҳои таҳрезишуда расонид.
Сипас мавсуф оид ба таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, бахусус вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, дастгирӣ ва расонидани кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони муҳтоҷ, нигоҳдории муҳити зист, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ, зебоиву тозагии манзилҳои истиқоматӣ, фаъолияти муназзами корхонаҳо, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, хизмати содиқона ба Модар – Ватан, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ёдовар шуда, диққати ҳозиринро ба ин самт ҷалб намуд.
Роҳбари гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Варзоб Ҳабибулло Воҳидзода иброз намуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои пурраи дастуру супоришҳои мавҷуда моро зарур аст тадбирҳои судманд андешида, бо ин мақсад қувваю восита ва имконоти доштаамонро самаранок истифода барем.
Дар интиҳои мулоқот ба ду нафар фаъолони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.