Сокинони ноҳияи Варзобро ба ободкориву созандагӣ ва истифодаи сарфакоронаи барқ даъват намуданд

Декабрь 22, 2020 13:25

ДУШАНБЕ, 22.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 Ҳабибулло Воҳидзода ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Варзоб бо роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, аҳли ҷамоат ва сокинону фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргузор намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Зимни мулоқот директори Агентӣ ба ҳамаи иштирокдорон сараввал миннатдории самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои иштироки фаъолона дар маъракаҳои муҳими сиёсии мамлакат-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол баргузор гардиданд, инчунин ҷиҳати гузоштани саҳми арзанда дар татбиқ ва дастгирии сиёсати Ҳукумат, амалигардонии нақшаю чорабиниҳои таҳрезишуда расонид.

Сипас мавсуф оид ба таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, бахусус вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ,  дастгирӣ ва расонидани кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони муҳтоҷ, нигоҳдории муҳити зист, ниҳолшинониву сабзазоркунӣ, зебоиву тозагии манзилҳои истиқоматӣ,  фаъолияти муназзами корхонаҳо, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, хизмати содиқона ба Модар – Ватан, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ёдовар шуда, диққати ҳозиринро ба  ин самт ҷалб намуд.

Роҳбари гурӯҳи корӣ дар ноҳияи Варзоб Ҳабибулло Воҳидзода иброз намуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои пурраи дастуру супоришҳои мавҷуда моро зарур аст тадбирҳои судманд андешида, бо ин мақсад қувваю восита ва имконоти доштаамонро самаранок истифода барем.

Дар интиҳои мулоқот ба ду нафар фаъолони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.

Декабрь 22, 2020 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Амрико дар соҳаи энергетика ва захираҳои об матраҳ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳазор ҳисобкунаки интелектуалӣ насб мешавад
ТАВАҶҶУҲ! Дар ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» телефонҳои боварӣ ташкил карда шуданд
«GREEN AUTO». Татбиқи «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» ба пешрафти ин соҳа мусоидат менамояд
Дар Самарқанд лоиҳаи нави «Робитаҳои энергетикии устувор дар Осиёи Марказӣ (SECCA)» ба роҳ монда шуд
Дар Павилиони Тоҷикистон дар ҳошияи COP27 дар Шарм-уш-Шайхи Миср интиқоли энергияи тоза дар саросари ҷаҳон баррасӣ шуд
БАРҚРО САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БАРЕД! Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» ба аҳолии мамлакат
Мирзо Исмоилзода: Соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ беш аз 15 млрд кВт. соатро ташкил дод
Фатҳиддин Усмонзода: Ба миқдори 300 ҳазор кВт/соат ба ҳисоби миёна қувваи барқро сарфа кардем
Дар Бадахшон ба маблағи беш аз 1 миллион сомонӣ қарзи истифодаи барқ ҷамъоварӣ гардид
Дар маркази ноҳияи Хуросон 15 нуқтаи фурӯши ангишт ба сокинон хизмат мерасонанд
Ба сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов муҳтавои муроҷиатномаи «Барқи тоҷик» бо усули «Хона ба хона» расонида шуд

Маводҳои таҳлилӣ