СУТ оғози таъмини ваксинаи зидди коронавирусро нимаи аввали соли 2021 интизор аст

Декабрь 3, 2020 10:26

ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) интизор дорад, ки таъмини ваксинаи зидди коронавирус дар семоҳаи дуюм ё сеюми соли 2021 оғоз хоҳад ёфт, аммо барои аҳолии осебпазир ваксинаҳо метавонанд аллакай дар семоҳаи аввал дастрас шаванд. Дар ин бора намояндаи расмии СУТ Тарик Язаревич (ДАР АКС) изҳор доштааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС. 

«Мо интизор дорем, ки воридшавии вояҳо ба кишварҳо дар семоҳаи дуюм ё сеюми соли 2021 шурӯъ шаванд. Миқдори маҳдуди ваксинаҳо барои аҳолии гурӯҳҳои дорои хатари баланд шурӯъ  аз семоҳаи аввали соли 2021 метавонад дастрас шавад. Азбаски вояҳои нахустин миқдоран маҳдуд мебошанд, афзалият ба гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла, кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолон дода хоҳад шуд», — иброз намуд Тарик Язаревич.

Аз қавли намояндаи расмӣ, дар айни замон беш аз 210 ваксина дар марҳилаҳои гуногуни коркард қарор доранд, аз ҷумла ҳадди ақалл 48-тои онҳо дар одамон озмоиш мешаванд ва тақрибан 10-тои онҳо марҳилаи сеюми озмоишро сипарӣ мекунанд. Ин марҳила барои баъзе ваксинаҳо моҳи июл шурӯъ шуд ва ҳоло натиҷаҳои пешакии озмоишҳо, ки дар онҳо баъзан то 30-60 ҳазор нафар одамон ширкат мекунанд, аллакай дида мешаванд. «Гарчанде ки натиҷаҳо рӯҳбаландкунанда бошанд ҳам, мо бояд маълумотро дар бораи самаранокӣ ва бехатарии онҳо мунтазир бишавем, — зикр намуд Тарик Язаревич. — «Инчунин бояд донист, ки муҳофизати он то кадом андоза бардавом хоҳад буд ва зергурӯҳҳои гуногун, аз ҷумла пиронсолон, чӣ тавр муҳофизат мешаванд».

Ба гуфтаи вай, чанд ваксинаи номзад дар марҳилаҳои якум ва дуюм қарор доранд ва моҳҳои наздик ба марҳилаи сеюм ворид хоҳанд шуд. «Ба ҳар андоза, ки номзадҳо зиёд бошанд, ҳамон қадар имконият зиёдтар мешавад», — шарҳ дод мусоҳиб ва илова кард, ки маъмулан сатҳи муваффақияти ваксинаҳои номзадҳо 10% -ро ташкил медиҳад. Намояндаи расмии СУТ воқеияти аз тарафи қисми зиёди истеҳсолкунандагон ва таҳиягарон интишор ёфтани протоколҳояшонро мусбат арзёбӣ намуд. «Чунин шаффофият барои олимон ва мақомоти танзимкунандаи СУТ хеле муҳим аст, то ваксинаҳо арзёбӣ ва муқоиса карда шаванд», — хулоса кард Тарик Язаревич.

 

АКС аз бойгонӣ

Декабрь 3, 2020 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»