СУТ оғози таъмини ваксинаи зидди коронавирусро нимаи аввали соли 2021 интизор аст
ДУШАНБЕ, 03.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) интизор дорад, ки таъмини ваксинаи зидди коронавирус дар семоҳаи дуюм ё сеюми соли 2021 оғоз хоҳад ёфт, аммо барои аҳолии осебпазир ваксинаҳо метавонанд аллакай дар семоҳаи аввал дастрас шаванд. Дар ин бора намояндаи расмии СУТ Тарик Язаревич (ДАР АКС) изҳор доштааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
«Мо интизор дорем, ки воридшавии вояҳо ба кишварҳо дар семоҳаи дуюм ё сеюми соли 2021 шурӯъ шаванд. Миқдори маҳдуди ваксинаҳо барои аҳолии гурӯҳҳои дорои хатари баланд шурӯъ аз семоҳаи аввали соли 2021 метавонад дастрас шавад. Азбаски вояҳои нахустин миқдоран маҳдуд мебошанд, афзалият ба гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла, кормандони соҳаи тандурустӣ ва пиронсолон дода хоҳад шуд», — иброз намуд Тарик Язаревич.
Аз қавли намояндаи расмӣ, дар айни замон беш аз 210 ваксина дар марҳилаҳои гуногуни коркард қарор доранд, аз ҷумла ҳадди ақалл 48-тои онҳо дар одамон озмоиш мешаванд ва тақрибан 10-тои онҳо марҳилаи сеюми озмоишро сипарӣ мекунанд. Ин марҳила барои баъзе ваксинаҳо моҳи июл шурӯъ шуд ва ҳоло натиҷаҳои пешакии озмоишҳо, ки дар онҳо баъзан то 30-60 ҳазор нафар одамон ширкат мекунанд, аллакай дида мешаванд. «Гарчанде ки натиҷаҳо рӯҳбаландкунанда бошанд ҳам, мо бояд маълумотро дар бораи самаранокӣ ва бехатарии онҳо мунтазир бишавем, — зикр намуд Тарик Язаревич. — «Инчунин бояд донист, ки муҳофизати он то кадом андоза бардавом хоҳад буд ва зергурӯҳҳои гуногун, аз ҷумла пиронсолон, чӣ тавр муҳофизат мешаванд».
Ба гуфтаи вай, чанд ваксинаи номзад дар марҳилаҳои якум ва дуюм қарор доранд ва моҳҳои наздик ба марҳилаи сеюм ворид хоҳанд шуд. «Ба ҳар андоза, ки номзадҳо зиёд бошанд, ҳамон қадар имконият зиёдтар мешавад», — шарҳ дод мусоҳиб ва илова кард, ки маъмулан сатҳи муваффақияти ваксинаҳои номзадҳо 10% -ро ташкил медиҳад. Намояндаи расмии СУТ воқеияти аз тарафи қисми зиёди истеҳсолкунандагон ва таҳиягарон интишор ёфтани протоколҳояшонро мусбат арзёбӣ намуд. «Чунин шаффофият барои олимон ва мақомоти танзимкунандаи СУТ хеле муҳим аст, то ваксинаҳо арзёбӣ ва муқоиса карда шаванд», — хулоса кард Тарик Язаревич.
АКС аз бойгонӣ








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






