СУТ оид ба штамми нави коронавирус ҷаласаи таъҷилӣ доир мекунад
ДУШАНБЕ, 23.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ният дорад, ки барои баррасии мутатсияи нави коронавирус ҷаласаи таъҷилӣ даъват кунад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, директори минтақавии СУТ дар Аврупо Ҳанс Клюге дар ин бора 22 декабр дар саҳифаи худ дар Твиттер навиштааст.
Ба гуфтаи намояндаи СУТ, замони баргузории ҷаласа ҳанӯз муайян нашудааст. Ҳанс Клюге инчунин зикр кардааст, ки ҳоло дарёфти маълумоти бештар дар бораи вируси нав ва тавассути маҳдудияти нав пешгирии паҳншавии он муҳим аст.
Дар ҳоле, ки навъи нав ва зоҳиран сирояткунандатари коронавирус боиси нигаронии ҷиддии ҳукуматҳои тамоми ҷаҳон шудааст, СУТ даъват мекунад, ки ба таҳлука наафтанд. «Ҳатто агар суръати паҳншавии вирус каме зиёдтар бошад ҳам, онро ҳоло ҳам боздоштан мумкин аст», — гуфт Майкл Райан, ҳамоҳангсози СУТ оид ба расонидани кумаки фавқулода.
Майкл Райан гуфт, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки штамми нав раванди бемориро вазнинтар кунад. Вай инчунин гуфт, ки муқовимати штамми нав дар муқобили ваксинаҳои коркардшаванда ҳоло дар чандин озмоишгоҳҳо санҷида мешавад. СУТ бар ин назар аст, ки стратегияи мубориза бо штамми нав бетағйир боқӣ хоҳад монд, он ягон тағйирот талаб намекунад.
Пештар хабар дода шуда буд, ки штамми нави коронавирусе, ки рӯзҳои охир дар ҷануби Британия сабт шудааст, сабаби хуруҷи бемориҳо гардидааст, Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон изҳор доштааст, ки мутатсияи нави коронавирус нисбат ба навъи қаблан маълум то 70% бештар сирояткунандатар аст. Бо ҳамин сабаб дар Лондон ва ҷанубу шарқи Англия аз 20 декабр маҳдудияти шадидтар ҷорӣ карда шудаанд. Як қатор кишварҳо эълон намуданд, ки иртиботи ҳавоиро бо Британия муваққатан қатъ мекунанд.
Мутатсияи нави коронавирус ба ғайр аз Британия аллакай дар Австралия, Исландия, Италия, Ҳолланд, Дания ошкор шудааст.
АКС: аз бойгонӣ ва Twitter (cкриншот)









ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд






