Тақсими шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон» аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 01.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тақсими китоби «Тоҷикон» аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардид. Дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров – китоби «Тоҷикон» чоп гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз номи Сарвари давлат ба ҳар оилаи мамлакат тақдим карда мешавад.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ин туҳфаи пурарзиши Пешвои миллатро ҳайате бо роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бурд.
Ба гуфти Раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим, тақсимоти китоби «Тоҷикон» аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид. Дар ноҳия комиссияи махсус таъсис дода шудааст, ки раванди супоридани туҳфаи Роҳбари давлатро дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот назорат менамояд.
Муовини Вазири маориф ва илм Нуралӣ Собирзода зикр дошт, ки барои мардуми ноҳияи Ванҷ мутаносибан бо теъдоди хонаводаҳо 4408 китоб ҷудо шуда, он ба ҳар хонавода дастрас карда мешавад.
Омӯзгори собиқадори ноҳия Хушвахт Искандаров бо хушҳолӣ аз ин иқдоми маорифпарваронаи Сарвари давлат иброз дошт, ки «ман солҳо боз орзу доштам, ки ин китоби пурарзиш китоби рӯйимизии ҳар фарди тоҷик бошад. Имрӯз ба орзуям расидам ва аз номи тамоми омӯзгорони ноҳия ба Пешвои муаззами миллат изҳори миннатдорӣ менамоям. Боварӣ дорам, ки ин амали нек ва шоиста дар раванди худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси бою пурғановати гузаштагон саҳми арзанда мегузорад».










«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст






