ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 декабр, якшанбе, 362-умин рӯзи соли 2020 аст

Декабрь 27, 2020 08:00

27 декабри соли 2013   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати № 1-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, ба тарбиятгирандагони он туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.

***

4 сол пеш, 27 декабри соли 2016 дар Қасри миллат зимни мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимов  масоили марбут ба вазъи сиёсию низомии минтақа ва ҷаҳон, тақвияти ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ изҳори назар карда шуд.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2017 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки Тоҷикистон дар раддабандии (рейтинги) кишварҳои дар пешбурди тиҷорат муваффақ,  миёни 153 кишвари ҷаҳон зинаи 108-умро ишғол намуд. Раддабандии мазкур аз ҷониби маҷаллаи амрикоии «Forbes» омода шуд.

  27 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Россия — Рӯзи наҷотдиҳандагон.

***

Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони хадамоти шиносномавию раводид.

***

Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ – Рӯзи оила.

 ***

Дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея – Рӯзи Конститутсия.

 РӮЙДОДҲО:

27 декабри соли 2007 дар шаҳри Душанбе масъалаи мушкилот ва дурнамои рушди ВАО-и русзабон дар Тоҷикистон  баррасӣ гардид.

***

27 декабри соли 2008 дар шаҳри Душанбе давраи ҷамъбастии озмуни сарояндагони ҷавони Тоҷикистон «Ориён, Сомониён, Тоҷикистон-2008» баргузор шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 ҳикоя-ёддошти рӯзноманигори барҷаста,  иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Олег Дмитриевич Соболев бо  номи «Рӯзҳои муҳосира дар канори Ленинград» аз чоп баромад.

***

27 декабри соли 2017 ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд.

***

27 декабри соли 1932  дар Иттиҳоди Шӯравӣ низоми шиносномавӣ ҷорӣ карда шуд.

***

75 сол муқаддам, 27 декабри соли 1945 Фонди байналмилалии асъор ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд таъсис дода шуданд.

 ***

27 декабри соли 1950 миёни ИМА ва Испания муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ

Соли 2012 дар шаҳри Новосибирск дзюдочии тоҷик Комроншоҳи Устопириён  дар мусобиқаи 32-юми  анъанавии умумироссиягии «Дӯстии халқҳо» оид ба дзюдо мақоми аввал касб намуд.

***

 Соли 1932 дар Ню-Йорк калонтарин кинотеатр  дар ҷаҳон «Рэдио-Сити Мюзик Холл» ифтитоҳ ёфт, ки 5945 ҷойи нишаст дошт.

Декабрь 27, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 ноябр, душанбе, 309-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, якшанбе, 308-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, ҷумъа, 306-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, панҷшанбе, 305-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, чоршанбе, 304-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, сешанбе, 303-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, душанбе, 302-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, якшанбе, 301-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, ҷумъа, 299-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, панҷшанбе, 298-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, чоршанбе, 297-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, сешанбе, 296-умин рӯзи соли 2024 аст