ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 ноябр, сешанбе, 328-умин рӯзи соли 2026 аст
24 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро имзо намуданд.
***
24 ноябри соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе бунёди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфта, 30 августи соли 2011 дар пояи 165 метр, ки дар ҷаҳон баландтарин маҳсуб мешуд, парафшон гардид.
***
24 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе доир гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку – пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) иштирок ва суханронӣ намуданд.
24 НОЯБР:
Дар Тоҷикистон–Рӯзи Парчами давлатӣ.
***
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико–Рӯзи дӯстон.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1986 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҳавопаймои ТУ-154 М фуруд омад.
***
24 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 25-солагии барқарорсозии муносиботи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
***
24 ноябри соли 2021 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи 89-уми Ассамблеяи генералии «Интерпол» доир гардид, ки дар он ҳайати намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1961 изҳороти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи манъи истифодаи яроқи ядроӣ қабул гардид.
***
Соли 1969 киштии кайҳонии «Аполлон-12» ба самти Моҳтоб парвоз кард.
***
Соли 1996 дар раъйпурсии умумихалқӣ дар Беларус зиёда аз 70 фоизи аҳолӣ Конститутсияи пешниҳоднамудаи президент Александр Лукашенкоро ҷонибдорӣ карданд.
***
Соли 2005 дар шаҳри Алмато Анҷумани 5-уми мутахассисони корҳои молияи Қазоқистон баргузор гардид.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 ноябр, душанбе, 327-умин рӯзи соли 2026 аст






