Табиб: Дар як сол дар ҷаҳон то 50 намуди нави маводи мухаддир пайдо мешавад

Декабрь 25, 2020 10:18

ДУШАНБЕ, 25.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар як сол дар ҷаҳон то 50 намуди нави маводи мухаддир пайдо мешавад, ки барои ошкор гардидани  онҳо  системаи  муайян кардани моддаҳои нав тақрибан шаш моҳ дер мекунад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад, дар ин бора сармутахассиси ғайрибастӣ, равоншинос-наркологи Вазорати тандурустии Россия Евгений Брун иброз кард.

«Тибқи баъзе маълумот, дар як сол то 50 формулаи нав сохта мешавад, албатта, системаи муайян кардани формулаҳои нав ва илова кардани онҳо ба рӯйхати маводи мухаддир тақрибан шаш моҳ дер мекунад», — гуфт Брун зимни онлайн-конфронс дар маркази матбуоти АБИ «Россия сегодня».

«Дар ҳамин ҳол, дар ҷаҳон ягон намуди озмоиши ин навъи маводи мухаддир вуҷуд надорад — ҳатто агар онҳо пас аз чанд вақт сохта шаванд ҳам, бефоида мебуд, зеро формулаҳои нав пайдо мешаванд», — тазаккур дод Брун.

АКС аз ntv.ru

Декабрь 25, 2020 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид