ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО НЕРУИ БАРҚ, МАВОДИ ҒИЗОӢ ВА ВУСЪАТ ДОДАНИ ТАДБИРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Турсунзода ин масъалаҳоро бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баррасӣ карданд

Декабрь 18, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 18.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 декабр дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода машварати корӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни кори машварат роҳбарони шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, масъулини бахшу сохтори мақомоти иҷроия ва фаъолони шаҳр ширкат намуданд.

Зимни машварат Нуралӣ Асозода вобаста ба корҳои созанда ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода гуфт, ки “дар шаҳр тибқи нақша, аз 382 иншооти ҷашнӣ 242 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Дар иншооти дигар корҳои созандагию бунёдӣ муташаккилона идома дошта, дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳр низ  корҳои назаррас ба анҷом расидаанд”.

Муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 декабри имсол дар машварати корӣ баён гардиданд, иброз дошт, ки “дар машварати зикршуда  аз ҷониби Сарвари давлат масъалаҳои таъмин намудани аҳолӣ бо неруи барқ, маводи ғизоӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, вусъат додани тадбирҳои ободониву созандагӣ, омодагӣ ба кишти баҳорӣ, истифодаи самараноки гармхонаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, омода кардани тухмиҳои аълосифат, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд”.

Вобаста ба сарафакорона истифода бурдани неруи барқ муовини Сарвазири мамлакат таъкид дошт, ки “Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо неруи барқ тадбирҳои зарурӣ андешидааст. Имрӯз аз ҳар яки мо тақозо мегардад, ки ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоем”.

Ҳамзамон ба масъулин гуфта шуд, ки дар заминаи дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи буҷет, пардохти саривақтии маош ва нафақа, дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз дошт, ки “мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода бо эътимоди комил изҳор менамоянд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои созандаи муҳтарам Пешвои миллат дар шаҳр аз тамоми имконот истифода намуда, барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд”.

Декабрь 18, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»