Таркиши чандин мушак дар нуқтаҳои гуногуни Кобул

Декабрь 12, 2020 11:05

ДУШАНБЕ, 12.12.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Вазорати корҳои дохилии Афғонистон мегӯяд, ки мушакҳо аз мавзеъи  Лаби Ҷари маҳаллаи Хайрханаи Кобул ба минтақаҳои дигари шаҳр партоб шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Шаҳри Кобул субҳи имрӯз 12.12.2020 шоҳиди таркиши чанд мушак дар қисматҳои гуногуни он шуд, ки дар натиҷа ҳадди ақалл як нафар кушта ва як тани дигар захмӣ шуд.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки тақрибан соати 6: 30-и имрӯз чор мушак аз минтақаи Лаби Ҷари маҳаллаи Хайр Хона (канораи шаҳри Кобул — шарҳи АМИТ «Ховар») партоб шуданд, ки дутои он ба мавзеъҳои атрофи фурудгоҳи шаҳри Кобул ва дуи дигар дар минтақаи «Хоҷа Равош» бархурданд.

Тибқи иттилои вазорат, дар минтақаи Хоҷа Равош ба асари таркиши мушакҳо як нафар ҳалок ва як каси дигар захмӣ шудааст.

То ҳол ягон гурӯҳ масъулияти партоби ин мушакҳоро ба дӯш нагирифтааст.

Шоҳидон гуфтаанд, ки ба сӯи гӯшаҳои гуногуни шаҳр беш аз шаш мушак партоб шудааст.

Тақрибан як моҳ пеш, ҳодисаи шабеҳе дар Кобул рух дода буд ва ба  гуфтаи кормандони амниятӣ, ба сӯи манотиқи мухталифи Кобул 23 мушак партоб шуда буд, ки дар натиҷа 8 ғайринизомӣ кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуда буданд.

АКС аз маҳали таркиши яке аз мушакҳо.

Декабрь 12, 2020 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд