Театри мусиқӣ-мазҳакавии Хоруғ намоишномаи «Қавм»-ро пешниҳоди тамошобинон намуд

Декабрь 30, 2020 14:54

ХОРУҒ, 30.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ дар остонаи Соли нави мелодӣ  ба кӯдакону наврасон ва волидонашон намоишномаи «Қавм»-и Мансур Сурушро дар таҳияи коргардон Умед Хусрав пешкаш намуд.

Намоишнома дар бораи зиндагии як қавме қисса мекунад, ки бо ваҳдату муттаҳидӣ, дӯстию рафоқат, вафодорию садоқат, заҳмату меҳнат алорағми ҳама гуна мушкилот пирӯз мешаванд ва барои қавми худ зиндагии шоиста бунёд мекунанд.

Ҳунарманди ин театр Ҷобиршо Хубоншоев, ки дар намоишнома иҷрои нақши асосиро ба уҳда дорад, ба мухбири АМИТ “Ховар” изҳор дошт, ки дар гузашта мо чанд асари драматурги маъруфи тоҷик Мансур Сурушро ба саҳна гузоштем ва аз ҷониби тамошобинон хуш пазируфта шуданд.

“Ин бор низ иштибоҳ накардем ва дар рӯзи аввали намоиш бо истиқболи гарми тамошобинон ва волидонашон рӯ ба рӯ шудем. Одатан ҷалб намудани таваҷҷуҳи кӯдакон ба саҳна мушкил аст, аммо дар ин асар  ҳодисаву воқеот ончунон ҷолибу зебо тасвир ёфтааст, ки аз оғоз то анҷоми он дар толор овозе ба гӯш нарасид. Пас аз поёни намоишнома ҳам кӯдакону волидон ба саҳна баромада, дар атрофи қаҳрамонони асар бо ҳунармандон мубодилаи афкор намуданд”,-афзуд номбурда.

Коргардони намоишнома Умед Хусравов гуфт, ки бо хоҳиши омӯзгорону волидон ин намоишнома дар рӯзҳои таътили зимистона  манзури тамомшобинон гардонида мешавад.

Қаблан низ ҳунармандони театри мазкур аз рӯи асари Мансур Суруш «Вирод» намоишнома таҳия ва ба дӯстдорони санъати театрӣ пешкаш карда буданд.

Мансур Суруш нависанда, драматург, тарҷумон ва рӯзноманигор буда, дорандаи Ҷоизаи адабии иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба С. Айнӣ ва Ҷоизаи Иттифоқи журналистони  Тоҷикистон ба номи А Лоҳутӣ мебошад. Хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Университети Тоҷикистон ва шуъбаи журналистикаи Мактаби ҳизбии шаҳри Тошканд аст. Айни замон дар Агентии миллии иттилотии Тоҷикистон “Ховар” ба ҳайси шореҳи адабӣ фаъолият дорад.

Декабрь 30, 2020 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид