ТО 35-СОЛАГӢ — ҶАВОН. Дар Россия қонуни муқарраркунандаи синни ҷавонон қабул шуд

Декабрь 24, 2020 08:44

ДУШАНБЕ, 24.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Думаи давлатии Россия лоиҳаи заминавии қонун дар бораи сиёсат нисбат ба  ҷавонон дар Федератсияи Россияро дар хониши сеюм ва ниҳоӣ тасвиб кард, ки аз ҷумла, синни  давраи ҷавониро то 35-солагӣ тамдид мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.

Ҳуҷҷат дар соҳаи сиёсат нисбат ба  ҷавонон дорои хусусияти ҳуқуқмуайянкунанда буда,  заминаи танзими муносибатҳои ҳуқуқиро дар сатҳи федералӣ, минтақавӣ ва шаҳрӣ мегузорад. Қонун бояд маҳфумҳои  ягонаро, ки дар соҳаи сиёсат нисбт ба  ҷавонон истифода мешаванд, аз ҷумла мафҳумҳои «ҷавонон», «оилаи ҷавон», «иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон», «мутахассиси ҷавон» ва ғайраро бояд сабт кунад.

Он инчунин меъёрҳои яксони синну солиро муайян мекунад: русҳои аз 14 то 35-сола (ҳоло то 30-сола) ҷавон ҳисоб хоҳанд шуд. Ба туфайли ин, шумораи зиёди шаҳрвандон метавонанд аз чораҳои дастгирии давлатӣ, ки барои ҷавонон пешбинӣ шудаанд, истифода баранд, — иброз  медоранд  таҳиягарони ин  ташаббус.

Ёдовар мешавем, ки ҳудуди ниҳоии синни ҷавонон дар Тоҷикистон, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», ки соли 2004 қабул шудааст, аз 14 то 30 солагӣ  муқаррар шудааст.

                                                        АКСИ: news.myseldon.com

Декабрь 24, 2020 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд