То ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар Фархор 14 мактаби замонавӣ бунёд мегардад

Декабрь 21, 2020 10:08

ДУШАНБЕ, 21.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Фархор  сохтмони  14 мактаби типи нав бо фарогирии 7 ҳазору 480 ҷойи нишаст, аз ҷумла  2 муассисаи томактабии хусусӣ, ҳамчунин таъмири асосии 2 мактаб, 2 кӯдакистон ва 5 майдончаи варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  изҳор доштанд, барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ соҳибкорони маҳалӣ дар баробари ниҳодҳои марбутаи ноҳия дар сохтмон ва навсозии  муассисаҳои таълимӣ саҳми намоён мегузоранд.  Мояи хушҳолист, ки теъдоди чунин соҳибкорони маорифпарвар дар ноҳия меафзояд. Чанде пеш бахшида ба ҷашни фархундаи миллӣ  бо маблағгузории  соҳибкори маҳаллӣ  Мирзошариф Шарифов  ба масофаи як километр   роҳи муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №52 дар деҳоти Ватани  ноҳияи Фархор  мумфарш карда шуд. Роҳи мазкур дар ҳолати вайронӣ қарор дошта, рӯзҳои бориши барфу борон  барои хонандагон ва сокинон душворӣ пеш меовард.

Мавриди зикр аст, ки  соли равон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Нозимов дар шаҳраки Фархор муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 барои 1000 ҷойи нишаст дар як баст ва аз ҷониби соҳибкор Диловар Муҳиддинов МТМУ №38 дар деҳоти «Ғайрат» барои 800 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифт. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди 19 муассисаи таълимии дигар идома доранд.

Айни замон дар ноҳия 70 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 38 ҳазору 672 нафар хонанда фаъолият дошта, ба онҳо 2 ҳазору 778 омӯзгор таълим медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки  дар солҳои соҳибистиқлолӣ  дар ноҳияи Фархор 30 муассисаи таълимӣ ва даҳҳо синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шудаанд.

Хотиррасон мешавем, ки то соли 2021 дар ноҳия   сохтмони 14 мактаби нав  барои 7480  хонанда, 56  синфхонаи иловагӣ   барои 1400 ҷои нишаст,  таъмири асосии  9 адад бунгоҳи тиббӣ, 15 адад коргоҳи дӯзандагӣ, 3 бинои кошонаи ҳусн, 76 мағоза ва марказҳои савдо, сохтмону навсозии боғи фарҳангӣ, корхонаи коркарди меваю сабзават, 5 чоҳи амудӣ,  2 бозор, 34  сартарошхона, 2 нонвойхона, бунёди 115 гектар боғҳои нав, 2 фермаи парандапарварӣ ва  дигар  иншооти  хурду бузург  дар назар дошта шудааст.

Декабрь 21, 2020 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд