То фарорасии Соли нав дар Душанбе ҳамарӯза ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ, 15.12.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамарӯза то фаро расидани Соли нави мелодӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Маконҳои баргузории Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бозорҳои «Меҳргон», «Саховат», «Қарияи боло» ва назди бинои «Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон» мебошанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар пойтахти мамлакат то 14 декабр маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла, тухм бо нархи 1,00 сомонӣ ва гӯшти мурғ 23 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, то аввали моҳи ноябри имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ беш аз 9 млн сар паранда парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн сар афзоиш ёфтааст.
Тавре аз КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» иброз намуданд, то 10 декабр дар ҷумҳурӣ беш аз 8 млн дона тухм ва зиёда аз 27 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки дар Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас пешниҳод гардонида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ярмарка-фурӯш маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, карам, сабзавот, мевагӣ, асал ва дигар намуди маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи нисбат ба бозор 30 фоиз арзон пешниҳод гардидаанд.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд






