То фарорасии Соли нав дар Душанбе ҳамарӯза ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад

Декабрь 15, 2020 10:02

ДУШАНБЕ, 15.12.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамарӯза то фаро расидани Соли нави мелодӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Маконҳои баргузории Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бозорҳои «Меҳргон», «Саховат», «Қарияи боло» ва назди бинои «Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон» мебошанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба иттилои Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар пойтахти мамлакат то 14 декабр   маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла, тухм бо нархи 1,00 сомонӣ ва гӯшти мурғ 23 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ, то аввали моҳи ноябри имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ беш аз 9 млн сар паранда парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн  сар афзоиш ёфтааст.

Тавре аз КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» иброз намуданд, то 10 декабр  дар ҷумҳурӣ беш аз 8 млн дона тухм ва зиёда  аз 27 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки дар Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас пешниҳод гардонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ярмарка-фурӯш маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, карам, сабзавот, мевагӣ, асал ва дигар намуди маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи нисбат ба бозор 30 фоиз арзон пешниҳод гардидаанд.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 15, 2020 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар бораи рушду тараққиёти шаҳри Душанбе» баргузор мешавад
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд