Тоҷикистон баргузории интихоботи Маҷлиси Шӯро (парлумон)-ро оғози марҳилаи нави таърихӣ дар рушду шукуфоии Қатар мешуморад

Декабрь 17, 2020 16:13

ДУШАНБЕ, 17.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ эълон намудани баргузории интихоботи Маҷлиси Шӯро (парлумон)-ро дар моҳи октябри соли 2021 оғози марҳилаи нави таърихӣ дар рушду шукуфоии Қатар мешуморад», -гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид мекунад, ки иқдоми мазкур, ки дар ҳаёти қонунгузории Давлати Қатар бори нахуст рух медиҳад, қадами муҳим ба сӯи таҳкими анъанаҳои Маҷлиси Шӯро ва рушди раванди қонунгузорӣ ва мардумсолорӣ дар кишвар бо иштироки шаҳрвандон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ  3 ноябри соли 2020 дар нишасти ифтитоҳии даъвати 49-уми Шӯро зимни суханронияш эълон кард, ки нахустин интихоботи Маҷлиси Шӯро дар моҳи октябри соли 2021 баргузор хоҳад шуд. Ҳамин тавр, Маҷлиси Шӯро ё парлумони Қатар аз парлумони таъйинотӣ ба парлумони интихоботӣ мегузарад ва вакилони маҷлис ҳар 4 сол аз тарафи мардум интихоб хоҳанд шуд.

Мавриди зикр аст, ки аксари кишварҳои олам аз ин иқдоми Давлати Қатар истиқбол намуда, онро қадами муҳим дар саъйу талошҳои Қатар дар ростои демократия донистаанд.

Декабрь 17, 2020 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ мулоқот намуд
Дар Беларус бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлия ва корҳои ҳуқуқии Салтанати Умон мулоқот намуд
Дар Риёз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нигина Ализода дар Форуми илмии «Шуоъҳои умед: татбиқи ваъдаи кумаки саратоншиносӣ» дар Вена иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Пешвои миллат нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуданд
Дар Кувайт ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд