Тоҷикистон баргузории интихоботи Маҷлиси Шӯро (парлумон)-ро оғози марҳилаи нави таърихӣ дар рушду шукуфоии Қатар мешуморад
ДУШАНБЕ, 17.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ эълон намудани баргузории интихоботи Маҷлиси Шӯро (парлумон)-ро дар моҳи октябри соли 2021 оғози марҳилаи нави таърихӣ дар рушду шукуфоии Қатар мешуморад», -гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки иқдоми мазкур, ки дар ҳаёти қонунгузории Давлати Қатар бори нахуст рух медиҳад, қадами муҳим ба сӯи таҳкими анъанаҳои Маҷлиси Шӯро ва рушди раванди қонунгузорӣ ва мардумсолорӣ дар кишвар бо иштироки шаҳрвандон мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ 3 ноябри соли 2020 дар нишасти ифтитоҳии даъвати 49-уми Шӯро зимни суханронияш эълон кард, ки нахустин интихоботи Маҷлиси Шӯро дар моҳи октябри соли 2021 баргузор хоҳад шуд. Ҳамин тавр, Маҷлиси Шӯро ё парлумони Қатар аз парлумони таъйинотӣ ба парлумони интихоботӣ мегузарад ва вакилони маҷлис ҳар 4 сол аз тарафи мардум интихоб хоҳанд шуд.
Мавриди зикр аст, ки аксари кишварҳои олам аз ин иқдоми Давлати Қатар истиқбол намуда, онро қадами муҳим дар саъйу талошҳои Қатар дар ростои демократия донистаанд.








Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид






