Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкории сайёҳиро дар шароити пандемия густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 04.12.2020/АМИТ «Ховар»/. Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Афғонистон барои ҷалби сайёҳон аз кишварҳои ҳамдигар дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар Душанбе қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиад.
Мусоҳибон роҷеъ ба вазъи кунунии эпидемикӣ дар иртибот ба бемории сироятии COVID-19 ва пайомадҳои манфии он ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, хусусан соҳаи сайёҳии давлатҳои ҳамҷавор мубодилаи афкор намуданд.
Дар мулоқот Муҳаммад Зоҳир Ағбар ҳавасмандии ҷониби Афғонистонро ҷиҳати истифодаи шаҳрвандони ин кишвар аз фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун транзит ба дигар кишварҳо ва боздиди сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва зиёратии Тоҷикистон таъкид намуд. Ҳамзамон Сафири Афғонистон омодагиашро барои густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ иброз намуда, зарурати таҳияи муштараки механизмҳои ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои сайёҳии ду давлати ҳамҷаворро ба миён гузошт.








Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз меёбад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд






